Баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат
Баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат
Санаи 30 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.
Шуро таҳри роҳбарии Прокурори шаҳри Ваҳдат Абдусатторзода Умедҷон бо иштироки роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат, ташкилоту идораҳои дахлдор ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат доир карда шуд.
Аз ҷумла, дар Шуро қайд гардид, ки ҳуқуқи моликият дар системаи ҳуқуқи инсон мавқеъи махсусро ишғол менамояд, чунки он нишонаи некуаҳволии шаҳрвандон ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ мебошад.
Бинобар муҳимияти масъала ва дар солҳои охир ба таври дахлдор таъмин нагардидани кафолати амнияти моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ аз таҷовузи ҷинояткорона, ба ҷавобгарии дахлдор кашида нашудани шахсони ҷиноят содиркарда, бо пуррагӣ барқарор нагардидани зарари расонидашуда ва ҷой доштани як қатор камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, масъалаи мазкур мавриди баррасии ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат бароварда шуд.
Ёрдамчии Прокурори шаҳри Ваҳдат Муқимзода Муродҷон қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат 346 (347) ҷинояти дуздӣ, яъне 1 адад ё 0,2 % камтар ба қайд гирифта шудааст. Ошкоршавии ҷиноятҳои дуздӣ дар соли 2024 – 28,1 % (37,1%) буда, нисбати соли 2023 – 9 % паст шудааст.
Санҷишу таҳлилҳои гузаронидаи прокуратураи шаҳри Ваҳдат нишон доданд, ки бо вуҷуди кам ба қайд гирифта шудани ҷиноятҳои дуздӣ, маълумотҳои оморӣ вазъи воқеъии содиршавии ҷиноятҳои дуздиро инъикос наменамоянд. Маълум аст, ки ҷиноятҳо муқобили амволи ғайр, аз ҷумла дуздӣ фоизи баланди латентӣ дошта, ҷабрдидагон бо сабабҳои гуногун аз муроҷиат кардан дар бораи дуздии амволи худ худдорӣ менамоянд.
Таҷриба шаҳодати он аст, ки раисони кумитаи маҳаллаҳо, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад, гарчанде дар байни мардум буда, оид ба ҷиноятҳои дуздии содиршуда огоҳӣ пайдо кунанд ҳам, дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи хуқуқ хабар намедиҳанд.
Таҳлили сабабҳои содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда нишон доданд, ки чунин сабабу шароитҳо гуногун буда, онҳоро ба якчанд категория ҷудо кардан мумкин аст:
-Яке аз сабабҳои содиршавӣ ва афзоиши ҷиноятҳои дуздии амволи ғайр сабабҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ буда, омузиши шахсияти шахсони содиркардаи дуздии амволи ғайр нишон дод, ки аксарияти онҳо маълумоти миёна ё миёнаи нопурра дошта, дар ягон ҷой кор накарда, ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ ё соҳибкорӣ машғул намебошанд. Аксарияти ин шахсон дорои маърифати пасти ҳуқуқӣ буда, оқибатҳои амалҳои ғайриқонуниашонро дарк намекунанд, ё бе асосҳои кофӣ, худбоварона ҳисоб мекунанд, ки амали ҷинояткоронаи онҳо ошкор карда намешавад ва онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мемонанд.
- гурухи дигари сабабҳои содиршавии ҷиноятхои дуздии амволи ғайр низ ба бепарвогии шаҳрвандон нисбат ба амволи худ буда, шаҳрвандон ҳифзи моликияти худро ба таври дахлдор ба роҳ намемонанд. Дар саҳро ва заминҳои кишоварзӣ бе нигоҳубин мондани чорво, гузоштани автомашинаҳо дар вақти шабона дар ҷойҳои ҳифзнашуда ва дар ҷойи торикӣ, таъмин накардани тирезаҳои мағозаҳо ва биноҳои истиқоматӣ бо панҷараҳои оҳанини устувор, таҷҳизонида нашудани ҷойҳои ҷамъиятӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ низ ба содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ мусоидат менамоянд.
- ба гуруҳи алоҳидаи сабабҳои содиршавӣ ва афзоиши ҷиноятҳои дуздӣ аз тарафи мақомоти алоҳидаи давлатӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилотӣ, сохторҳои алоҳидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, бахши кор бо ҷавонон, муассисаҳои соҳаи фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати ташвиқу тарғиби пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ наандешидани тадбирҳои таъсирбахш ва самаранокро мансуб донистан мумкин аст. Фаъолияти расмиятчигии мақомотҳои дахлдор, гузаронидани вохуриву суҳбатҳои руякӣ, ҷалб накардани мутахассисон ба профилактикаи ҷинояткорӣ, мавҷуд набудани ташаббускорӣ ва ворид накардани тарзу усулҳои нави таъсиррасонӣ ба мафкураи шаҳрвандон боиси самаранок нагаштани ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва пешгирӣ нагардидани ҷиноятҳо гардида истодааст.
Тибқи моддаи 6 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз принсипҳои муҳими қонуни ҷиноятӣ – принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ буда, тибқи он ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ў чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноии дар ҳамин Кодекс пешбинишуда татбиқ гардад.
Аммо, мутаассифона, бинобар ноошкор мондани қисми зиёди ҷиноятҳои дуздии содиршуда, принсипи номбурдаи Кодекси ҷиноятӣ таъмин нагардида, аксарияти шахсони ҷиноят содиркарда аз ҷазои сазовори ҷиноятӣ дур мондаанд.
Мақсади пешгирии ҷиноятҳои дуздӣ ин то ҳадди имкон паст кардани сатҳи чунин ҷиноятҳо буда, фаъолият оид ба пешгирии онҳо дар маълумотҳои криминогенӣ асос ёфта, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии чунин ҷиноятҳоро талаб менамояд. Азбаски субъекти асосии пешгирии чунин ҷиноятҳо мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, бинобар ин ба ин мақомот зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд:
- таъмини устувори ҳифзи моликияти хусусӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
- дар асоси таҳлили вазъи криминогенӣ ташкили шароитҳое, ки воқеъбинона ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ дар маҳалл мусоидат менамоянд;
- тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд дар ошкоркунии ҷиноятҳо бар зидди моликият, аз ҷумла дуздии амволи ғайр;
- ҷоннок кардани фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷуйи ва истифодаи маълумотҳои оперативӣ ҷиҳати пешгирии содиркунии ҷиноятҳо аз тарафи шахсоне, ки ба содиршавии чунин ҷиноятҳо майл доранд;
- саривақт пароканда кардани гуруҳҳои ҷинояткори ошкоршуда бо мақсади қатъ кардани фаъолияти минбаъдаи ҷинояткоронаи онҳо;
- диққати ҷиддӣ додан ва чораандешии фаврӣ оид ба хабару маълумотҳои шаҳрвандон ва шахсони мансабдор дар бораи ҷиноятҳои содиршуда бо мақсади ошкоркунии онҳо ва дастгир кардани ҷинояткорон;
- ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи маълумотҳо оид ба шахсоне, ки ба муқобили моликият ҷиноят содир намудаанд бо мақсади андешидани чораҳои қонунӣ нисбати онҳо;
- ҷалби ҷамъият ба пешгирии ҷиноятҳои муқобили моликият, гузаронидани ташвиқу тарғибот байни аҳолӣ дар бораи тарзу усулҳои ҳимояи қонунӣ аз ҷиноятҳо ба муқобили моликият.
Ҳангоми ҳал кардани ин масъалаҳо ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта, то ҳадди имкон коҳиш додани содиркунии ҷиноятҳои дуздӣ баланд бардоштани сатҳи ошкоркунии онҳо имконпазир мебошад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


