БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТИ СИМИГАНҶ
Санаи 18-уми июни соли равон дар арафаи Ҷашни 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Маркази саломатии деҳоти “Симиганҷ” пас аз таъмири капиталӣ ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоира Абдураҳимзода, директори Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабине Олтхоф ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки иншооти тандурустӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳарчи бештар дастрасӣ пайдо намудани аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, аз ҷумла кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо ҷалби шарикон оид ба рушд, бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки маркази саломатии мазкур ба беш аз 7 ҳазор аҳолии деҳот хизмати тиббӣ расонида, он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст ва аз 11 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.
Ғафур Муҳсинзода зимни ифтитоҳи муассисаи тандурустӣ аз номи роҳбарияти вазорат кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ба муносибати соҳиби чунин бинои хуштарҳу замонавӣ гаштанашон табрик гуфта, дар арафаи ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода додани онро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии Ҷамоат ва кормандони соҳа арзёбӣ кард.
Дар навбати худ, номбурда аз кормандони ин муассисаи тандурустӣ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ равона созанд.
Маврид ба зикр аст, ки баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат 115 муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла 1 Маркази саломатии шаҳрӣ, 30 Маркази саломатии деҳот, 83 Бунгоҳи тиббӣ ва 1 Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ фаъолият намуда истодаанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


