БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ НӮЪМОН РОЗИҚ БО УСУЛИ "МАҲАЛА БА МАҲАЛА" ВОХӮРӢ ДОИР ШУД
Санаи 12-уми июни соли 2025 идомаи вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Нӯъмон Розиқ дар толори маҷлисгоҳи Ҷи мазкур баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоира Абдураҳимзода имни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар сухан гуфтаанд.
Зикр шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Муовини раиси шаҳр зикр кард, ки тибқи тағйироти ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ истеъмолкунанда ба ҷавобгарӣ (ҷарима ва ё аз озодӣ маҳрум) кашида мешавад. Аз ин хотир, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки аз неруи барқ ва гармӣ самаранок истифода бурда, дар баробари ин, маблағи истифодаи онро сари вақт супорад.
Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки неруи барқ, пардохти саривақтии маблағ ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар вохӯрии мазкур ба сокинон усулҳои сарфаи неруи барқ ва талаботи қонунгузорӣ барои риоя кардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ фаҳмонда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар охир сокинон ба аъзои гурӯҳ саволҳо дода, барои чунин як суҳбати муфид арзи миннатдорӣ намуданд. Вохӯрию мулоқотҳои гурӯҳи таблиғотӣ дар дигар кӯчаю маҳаллаҳи шаҳр идома дорад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


