Дар бораи шаҳр

07 сен 2015, 15:20
---
10

Ваҳдат шаҳри маъмурии тобеи ҷумҳурӣ буда, 17 сентябри соли 1927 ташкил ёфтааст, ки то 3 апрели соли 1936 онро Янгибозор меномиданд. Аз соли 1936 номи Орҷоникидзеобод ва моҳи декабри соли 1991 шаҳру ноҳияи Орҷоникидзеобод муттаҳид карда шуда, он Кофарниҳон ном гирифт.

Бо ташаббусу дастгирии Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.04.2003 №389 номи шаҳри Кофарниҳон ба номи шаҳри Ваҳдат тағйир дода шудааст. Шаҳри Ваҳдат бо шаҳру ноҳияҳои Норак, Ленин, Айнӣ, Рашт, Дарбанд, Файзобод, Данғара, Ёвон ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 3,7 ҳазор км² буда, аҳолиаш 243,9 ҳазор нафар (ба 01.01.2004), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар мебошанд. Дар ҳудуди шаҳру ноҳия 10 деҳот — Баҳор, Кофарниҳон, Ромит, Симиганҷ, Чорсӯ, Хоҷабойқул, Чӯянгарон, Эскигузар, Янгибозор, Қаросу амал мекунанд.

Ҳудуди шаҳру ноҳия асосан дар ҳавзаи болооби дарёи Кофарниҳон, ки нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шимоли қаторкӯҳҳои Қаротегинро дар бар мегирад, ҷой гирифтааст. Сарҳади ҷанубиаш то қаторкӯҳҳои Рангону Қаротоғ ва ғарбиаш то канори шарқии водии Ҳисор кашол меёбад.

Релефи ин ҷойҳо асосан кӯҳист. Баландии мутлақ дар водии Ваҳдат 800 метр буда, дар қаторкӯҳҳои Қаротегин то ба 3.925 метр ва қаторкӯҳҳои Ҳисор ба 4.176 метр мерасад. Сарватҳои зеризаминӣ: гази сӯзанда, флюорит ва масолеҳи бинокорӣ (гаҷ, гил, регу шағал). Чашмаҳои минералии обашон гарм ва хунук мавҷуданд. Иқлимаш вобаста ба баландӣ тағйир меёбад: то баландии 1.500 метр тобистон гарм, зимистон на чандон хунук (ҳарорати миёнаи июл 20-25 ℃, январ аз 0 то -5 ℃), боришоти солона 700-900 мм-ро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Ваҳдат 5 дарё мавҷуд аст. Калонтаринашон Кофарниҳон ва Элок мебошад. Хоки водию доманакӯҳҳо хокистарранги муқаррарӣ, хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо ҷигариранг мебошанд. Нишебии кӯҳҳоро то баландии 2.000 метр (минтақаи даштҳои кӯҳӣ) алафзору буттазорҳо (бештар буттаҳои хордор) ва дарахтони арча, фарк, заранг пӯшондаанд. Дар Ромит ва дараҳои паҳлӯии он — Сорбуғ, Сардаи Миёна, Ёс ва Мағов дарахтони чормағз, олуча, бодоми талхак, санҷид, себ, токи худрӯй, чинор, бед, тут, буттаҳои настаран, зирк ва ғайра бисёранд. Заминҳои корам асосан дар водиҳо ва доманаи кӯҳҳо воқеъ гаштаанд. Олами ҳайвоноташ низ гуногун аст. Аз сумдорҳо — нахчир, муфлон, гуроз, аз даррандаҳо — хирс, шерпаланг (ирбис), гург, шағол, рубоҳ, қоқум, савсар, силовсин (вашақ), қашқалдоқ, аз хазандаҳо — калтакалос ва ҳар гуна морҳо (кубро, мори чипор, гурза), аз паррандаҳо — кабк, марғи ҳилол, уқоб, мурғи ҳумо, заргулдор, дурроҷ ва ғайра вомехӯранд. Дарёҳояш гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ доранд. Дар ҳавзаи дарёҳои Сорбуғу Сардаи миёна (саргаҳи Кофарниҳон) мамнӯъгоҳи Ромит воқеъ гаштааст.

Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ваҳдат серсоҳа буда, дар он пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллаю сабзавоткорӣ, боғу токдорӣ тараққӣ кардааст. Дар шаҳр 8 колхоз, 9 хоҷагии деҳқонии коллективӣ ва 2.628 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и алоҳида арзи вуҷуд доранд. Киштзори умумӣ 18.489 гектарро ташкил менамояд.

Инчунин, дар шаҳри Ваҳдат 22 корхонаи саноатӣ, 21 муассисаи бинокорӣ, 2 идораи геологӣ, 10 базаҳои нақлиётӣ ва роҳсозӣ амал мекунанд. Ҷангалпарварӣ низ мавқеи муҳим дорад. Дар шаҳри Ваҳдат 2 хоҷагии ҷангалпарварӣ, хоҷагии ниҳолпарварӣ, мамнӯъгоҳи Ромит амал мекунанд, ки 84.171 га заминро дар бар мегиранд.

Соли хониши 2002—2003 дар миқёси шаҳру ноҳия дар 141 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 59.589 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Шаҳр дорои 47 китобхона, 32 клуб, хонаи маданият, театри халқӣ мебошад. Дар 1 касалхонаи марказӣ, 6 касалхонаи минтақавӣ, 1 касалхонаи касалиҳои сирояткунанда, 2 поликлиника, 11 дорухона, 24 амбулатория, 76 бунгоҳи тиббӣ 218 духтурони маълумоти олидор ва беш аз 1800 нафар коркунони тиббии дорои маълумоти миёнаи махсус кор мекунанд.

Шаҳри Ваҳдат ба шаҳри Душанбе ба воситаи роҳи автомобилгард ва роҳи оҳан (21 км) алоқаманд аст. Роҳҳои автомобилгарди Рашту Ҷиргатол, Хоруғ, Кӯлоб, Нораку Ёвон аз Ваҳдат мегузаранд.
Сайт города в Википедии.

Ҳамчунин дигар наворҳо: