РОМИТ МИНТАҚАЕ, КИ САЙЁҲОНРО МАФТУН МЕКУНАД

13 июн 2025, 08:40
Слайдер / Сайёҳӣ / Навид / Навигариҳо
39

  Дараи Ромит бо мавзеъҳои диданӣ, боду ҳавои мусоид, обҳои мусаффо ва набототу ҳайвоноти нодираш яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи арзёбии мутахассисони соҳа, дар дараи Ромит имкони рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, муолиҷавӣ, рекреатсионӣ, кӯҳӣ, сайругаштӣ ва варзишӣ, мавҷуд аст. Бо назардошти ин, соли 2000-ум аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дараи Ромит ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон гардид.

Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш, ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Ватани маҳбубамон, як гурӯҳ меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз шаҳри Ваҳдат, инчунин, мавзеи сайёҳии Арху, ки воқеъ дар дараи зебоманзари Ромит ҷойгир аст, боздид намуда, мафтуни табиати нотакрори ин мавзеи хушбоду ҳаво шуданд.

Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ҳангоми муаррифии мавзеи Арху аз ҷумла чунин баён дошт: “Арху калимаи суғдӣ буда, “баландӣ”, “баландмавзеъ” ё “баландмакон”-ро ифода мекунад. Мавзеи Арху дар қисмати шарқии деҳоти Ромит дар масофаи 75 км дуртар аз шаҳри Ваҳдат воқеъ гардидааст. Арху ном гирифтани ин мавзеъ аз он ҷиҳат аст, ки болотар аз он деҳае бо ҳамин ном 60 сол пеш вуҷуд дошт ва солҳои 60-уми садаи ХХ сокинони онро ба деҳаҳои нисбатан ҳамвор, наздики шаҳри Ваҳдат ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҳоҷир намуданд. Мавзеи мазкур дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Дар ин ҷо дарёе бо номи Рӯди Пок ҷорист, ки обаш софу зулол мебошад. Дарёи номбурда аз чашмаҳо ғизо гирифта, ҳамеша сарду ҳаловатбахш аст”.

Махан Имили намояндаи Хадамоти об ва санитарияи Африқои Ҷанубӣ оид ба таассуроти сафараш ба Тоҷикистон ба хабарнигорон чунин гуфт: «Пештар дорои чунин захираҳои бойи обӣ, кӯҳҳои пиряхпӯш, олами нотакрори набототу ҳайвонот будани Тоҷикистонро шунида будам. Имрӯз ин ҳамаро бо чашми худ мебинаму ба сокинони ин сарзамин ҳавасам меояд, ки дар чунин Ватани дорои табиати нотакрор умр ба сар мебаранд. Чунки барои зиндагии шоиста ва сазовори инсон ду чиз: об ва ҳавои тоза шарти асосӣ маҳсуб мешаванд. Имрӯзҳо сокинони баъзе аз кишварҳо аз нарасидани оби тозаи нӯшоӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд. Шукрона бояд кард ва дар самаранок истифода бурдани ин сарвати бебаҳо саҳм гузошт».

Ҳамзамон, Махан Имили ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдоми муҳим дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди устувор дар сайёра арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронда шуд. «Боварам комил аст, ки ин чорабинии сатҳи баланд дар ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон нақши муҳим мегузорад. Ин хулосаро аз рафти баргузории конфронс бардоштам», – афзуд Махан.

Саёҳат дар дараи Ромит басе гуворо мебошад, зеро ин минтақаро кӯҳҳои баланд, рӯдҳои поку соф ва экосистемаи нодиру беолоиш фаро гирифтаанд. Бояд гуфт, ки барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба дараи Ромит тамоми имкониятҳо фароҳам шудааст.

Шамсиддин Холназаров, мудири бахши сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин баён намуд: “Оҳанги хуши рӯди Ромиту қиссаю афсонаҳои кӯҳҳои он ба ҳама ошно. Наққоши табиат ин маконро бо зеботарин рангҳо ороста, ки аз диданаш дил ба шӯр меояду руҳ таскин меёбад. Аз ин рӯ, ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатию сайёҳӣ маъруф шудани Ромитдара амри тасодуф нест.

Сайёҳоне, ки ба шаҳри Ваҳдат ташриф меоранд ба меҳмоннавозии сокинонаш ва ба маконҳои сайёҳии он баҳои баланд медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар семоҳи аввали соли равон аз минтақаҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат 8400 сайёҳи дохилию хориҷӣ боздид намудааст”.

Боиси фахр аст, ки тайи солҳои охир пешниҳодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта ва дар кишвари азизамон чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мешаванд, ки ин дар баробари боло бурдани нуфузи Тоҷикистон, ҳамчунин, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд.

 

Р. ЗИКРУЛЛОҲ, “Ҷумҳурият”

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: