КОРВОНИ «МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО»  ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

20 июн 2025, 08:33
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Тандурустӣ / Маориф
7

 


 Дар се рӯз Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳри Ваҳдат бо сокинони шаҳр, фаъолзанони шаҳр ва афсарону сарбозон вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд. Ҳамчунин, дар ин сафар онҳо бо маконҳои сайёҳию таърихии шаҳр ва урфу одатҳои сокинонаш шинос шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи аввал дар назди муҷассамаи "Модар" - и маркази шаҳр Корвони «Модарони ваҳдатсаро» раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо нону намак истиқбол намуданд.

Баъдан меҳмонон аз қисми низомии 16772 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат боздид намуда ҳамроҳи афсарону сарбозон вобаста ба ваҳдати миллӣ суҳбатҳо намуданд.

Дар вақти суҳбат бо сарбозон модарон иброз доштанд, ки ҷавонони шуҷоъ бояд бо азми дил барои пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ равонаи хизмати Ватан шаванд. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

«Мо модарон аз шуҷоату мардонагии ҷавонони мамлакат ифтихор менамоем. Зеро фарзандони далери ин Ватан бо сидқу вафо, ҳисси баланди ватандорӣ ва муҳаббат ба хоки муқаддас ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ин ҷавонмардон на танҳо муҳофизони оромии давлат, балки пайравони сазовори гузаштагони далер ва сарбаланди миллати тоҷик мебошанд», - иброз доштанд иштирокдорон.

Ҳамзамон, дар ин сафар меҳмонон аз баъзе имкониятҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат дидан карданд. Ичнунин, Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар “Коллеҷи омӯзгорӣ ва сайёҳии шаҳр” ва “Коллеҷи тиббии шаҳр” бо фаъолзанони шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ намуданд, дар вохӯрӣ иброз гардид, ки занону модарони тоҷик ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили солҳои аввали истиқлол баҳри таҳкими давлати ҷавон талош намуда, дар пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштанд. Имрӯзҳо низ занони тоҷик баҳри оромию осудагӣ ва рушди мамлакат дар соҳаҳои гуногун содиқона фаъолият намуда, дар тарбияи насли ояндасоз саҳми беназир мегузоранд.

Бояд гуфт, ки Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандози гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: