ҚАБУЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

14 июн 2025, 12:00
Слайдер / Навид / Навигариҳо
36

    Имрӯз рӯзи қабули раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо, ки  тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳр ҳар шанбеи ҳафта баргузор мешавад, санаи 14- уми июни соли чорӣ шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд. 

Мавриди зикр аст дар қабули шарвандон аз ҷониби раиси шаҳр, ҳамзамон, муовини якум, муовинони  раиси шаҳр ва баъзе сардорони раёсатҳо иштирок доштанд.

Чун собиқа муҳтавои муроҷиатҳо ин навбат низ асосан оид  ба масъалаҳои таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, оби нӯшокию полезӣ, кумаки молиявӣ ва ғайра  буд. 

Зимни шунидани  арзи шаҳрвандон ба роҳбарони ниҳодҳои  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоту муассисаҳои марбута ҷиҳати дар муҳлати муайяннамудаи қонун моҳиятан  баррасӣ намудани онҳо  супориш дода шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: