ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ БОЗОРБОЙ БУРУНОВ
Имрӯз, 13- уми июни соли равон дар Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов бо иштироки муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода оид ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим бо раисони кумитаи маҳалаҳо, фаъолони деҳот, ходимони дин ва сокинони Ҷамоат вохӯрӣ доир гашт.
Баҳриддин Мирзозода, дар вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанг, бахусус фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим суханронӣ карданд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масоили марбут ба пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошиву роҳзании ноболиғону ҷавонон низ баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Имчунин, гуфта шуд, ки имрӯз барои хурду бузург Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва мавҷудияти амнияти миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои олӣ мебошанд. Аз ҷумла, сокинони шаҳри Ваҳдат ин арзишҳои олии зикргардидаро шарти асосии ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва расидан ба рушди устувори кишвар арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва дираг масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд. Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд. Гуфта шуд, ки дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун мераванд. Дар воқеъ, ин рафтори онҳоро, агар аз як тараф, ба огоҳ набудан аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо шарҳ дода шавад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо дар либоспӯшӣ ба ҳисоб меравад. Ба марҳилаҳои гуногуни таърихи ҳалқамон назар афканем сару либоси занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набуд, баръакс либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳуввияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд. Таъкид гардид, ки зарфи 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати заҳмати софдилонаи халқамон ҷумҳурӣ дар роҳи таъмин намудани амну осоиштагӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаву дастовардҳои назаррас ноил гардид. Воқеан ҳам озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бояд бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талошамонро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


