Таърихи шаҳр

07 сен 2015, 15:00
---
8

Ваҳдат дидаи дур дорад. Вобаста ба маълумотҳои таърихӣ ва навиштаҳои бостоншиносон М.Дьяконов, Б.А.Литвинский, В.С.Соловьев, Д.В.Логофет, Б.Ғафуров, А.Мухторов, В.Липский, Н.Кисляков, А.Маҷлисов, Ю.Ёқубов, Т.Отахонов, А.Девонақулов, М.Ҳамроев, О.Сухарева, А.Ёров ва боз бисёр дигарон Ваҳдат таърихи беш аз 1500-сола дорад ва ҳангоми таълифи ин китоб аз баъзе навиштаҳои онҳо истифода шудааст. Дар китоби бостоншинос Абумансур Ёров «Аз таърихи ноҳияи Кофарниҳон» (Душанбе 1995) омадааст, ки «Ноҳияи Кофарниҳон чун шаҳрҳои Тоҷикистон таърихи хеле ҳам қадима дорад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо қисмати шарқии Бохтарро вилояти Кумед ташкил медод. Ба вилояти Кумед ноҳияҳои ҳозираи Сариосиёи Ӯзбекистон, Регар, Ҳисор, Ленин, Ваҳдат, Файзобод, Ғарм, Ҷиргатол, Қалъаихум, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва Олойи Қирғизистон дохил мешуданд. Дар садаҳои VII-VIII ба ҷои Кумеди қадим вилоятҳои нави нисбатан хурди Ҷағониён, Сакониён, Аҳорун, Шумон, Вашгирд, Рашту Кумед арзи вуҷуд менамоянд».

Нигошта салоҳияти таърихӣ дорад ва нигоҳест ба гузаштаи дури воҳаи Ваҳдат. Дар таърихномаҳо оид ба вуҷудияти деҳаҳои Андигон (аз ҷамоати деҳоти Ваҳдат), Қалъаи Шодмон, Симиганҷ (аз ҷамоати деҳоти Симиганҷ), Чиртак, Туқалтеппа (аз ҷамоати Янгибозор), Қаросу (аз ҷамоати Қаросу), Зулфӣ (аз ҷамоати Ваҳдат), Навобод (аз ҷамоати Эскигузар) ва ғайраҳо ишора рафтааст. Дар Ваҳдати ҳозира аснодҳои таърихӣ мавҷуд будани шаҳрҳои Андигон ва Кофиёнро гувоҳӣ медиҳанд, ки мавҷудияташон ба қарнҳои III-VII рост меояд. Бозёфтҳои таърихии ковишҳои бостонӣ дар қалъаи Шодмон, воқеъ дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон, ки аз тарафи бостоншиносон В.Гейлитко, Б.А.Литвинский, Ф.Абдуллоев, В.С.Соловёв гузаронида шудаанд, шаҳодат бар гуфтаҳои болоист.

Ба фармуди нигоштаҳои бостоншиносон Ваҳдат таърихи қадима дорад. Ин сарзамин дар гузашта ба ҳайати давлатии Ҷағониён дохил буд ва таърихи 1500 дорад. Харобаҳои тарихӣ, ки то ба имрӯз расидаанд, гувоҳӣ ин гуфтаҳо мебошанд. Метавон гуфт, ки дар ин давраҳо садҳо двлатҳои мухталиф ба зуҳур омада, аз байн рафтанд. Давлати бохтариҳо, юнону суғдиҳо, ҳаҳоманишинҳо, кӯшониён, сосониҳо, арабҳо, тахориҳо, сомониҳо, ғазнавиҳо, қарахониҳо, муғулҳо, темуриҳо, шайбониҳо ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо буда, дар натиҷаи ҷангҳою истилоҳҳо, ин мулкҳо хароб ва аз нав обод шуданд. Ҳар ваҷаб хоки Ваҳдат таърихи бои ин кӯҳандиёрро дорост.

Кофтуковҳои археологӣ аз ҳар ваҷаб хоки ноҳия осорхонаи таърихии бостоншиносӣ, хазинаҳо, қабристону мадфанҳои тарҳашон мухталиф ва асбобу ускунаҳое, ки аз давраҳои гуногун боқӣ мондаанд, пайдо кардаанд. Дар ҳудуди шаҳру ноҳия чандин комплексҳои бостоншиносӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳар кадом осори таърихии худро вобаста ба давру замонҳо дорад.
Тадқиқотчиён ёдгориҳои таърихии воҳаи Ваҳдатро ба маҷмӯи бостоншиносии Қалъаи Шодмон, дехаҳои Симиганҷ, Ромит, Андигон, Чилтан (дар деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Янгибозор), мазори Холбойқара (дар деҳаи Холбойқарои ҷамоати Ваҳдат), Қалъа (воқеъ дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Қаросу), кӯҳи Ширбибӣ, Қалъаи Тоҳир (воқеъ дар ҷамоати Эскигузар), Даштибед (ҷамоати Ваҳдат) қисмат кардаанд. Қайд кардан бомаврид аст, ки комплекси осори тариՅ ии Қалъаи Шодмон ҳудуди деҳаҳои имрӯзаи Қипчоқ, Яккатол, Тангаӣ, Калон, Ҳайиталӣ, шаҳраки Наврӯзро дар бар мегирад. Бостоншиносон ҳангоми кофтуковҳои археологӣ дар ин деҳаҳо ёдгориҳои қадимаро дарёфт кардаанд, ки онҳо таҷассумгари таърихномаи дури диёр мебошанд. Қалъаи Шодмон вобаста ба асноди таърихӣ беш аз 1500 сол арзи вуҷуд дорад. Қалъа ба чор қисмат тақсим мешавад. Даромадгоҳи асосӣ аз самти дарёи Симиганҷ рӯ ба рӯи шаҳраки Наврӯз тасвир ёфтааст. Дар самти рости даромадгоҳ вобаста ба бозёфтҳои археологӣ костаи ҳунармандон ҷойгир будааст, ки инро нишонаҳои тарҳи хонаҳои рангрезӣ далолат медиҳанд. Баландии теппаи муқобил ҷои зисти аъё̀ну ашрофон ва самти чап (тарафи Симиганҷ) ҷои ҳокимнишин будааст. Дар хамгашти поёни Қалъа қабристон ҷой гирифтааст, ки оиди он тадқиқоте гузаронида нашудааст.

Маҷмӯи осори таърихии Симиганҷ — деҳаҳои Диямон, Симиганҷ, Дара ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Оиди тадқиқоту омӯзиши таърихи гузаштаи Симиганҷ ба таври мукаммал тадқиқот гузаронида нашудааст. Вале бо баъзе нишонаҳо ин мавзеъ гузаштаи дури пуртаҳлукаро дорост. Болотар аз қишлоқи Дарра дар мавзеи Шоҳи Ҷаҳон (мумкин ба давраи подшоҳии Шодмон) тарҳи роҳи сангфарш кардашудаи фойтунгузар ба назар мерасад. Оиди омӯзиши мадфанҳои қабристони деҳаи Симиганҷ, ки нишон аз қарнҳои III-VII дорад, то ҳол тадқиқоте гузаронида нашудааст. Умуман, Симиганҷ таърихи бою ғанӣ ва дидаи дур дорад ва месозад, ки олимон болои ин рисолаҳои илмӣ ифшо намоянд.

Мавзеи дилрабои Ромит бо обҳои нӯшофаринаш, симу ганҷи фаровонаш қарнҳо диққати оламиёнро ба худ кашидааст. Баъзан ишораҳо меравад, ки гӯё̀ Искандари Зулқарнайн баъди истилои Бадахшон бо воситаи мавзеи Дараи Барзангӣ гузашта, ба тарафи Шимол рафтааст. Инро расми кашидаи марде савори асп, ки дар канори дарёи Сарда сабт гардидааст, далолат мекунад. Нақшбандии сақфи масҷиди деҳаи Вистан, ки ҳоло ҳам зебогиашро гум накардааст, ёдгории қарнҳои ХIII-ХVII мебошад. Дар шаҳраки Ромит дар соҳили чапи даёи Кофарниҳон мавзеи дилкушои Боғи Мирӣ маскан дорад. Гарчанде аз Богӣ Мирӣ танҳо дарахтон нишона монда Бошанд ҳам, вале мардуми диёр дар бораи ҷои ҳокимшин будани ин мавзеъ ривоятҳои бисёре доранд.

Таърихи қадимаи шаҳраки Андигон бо чиллахонаҳо воқеъ дар деҳаи Чиртак (ҷамоати Янгибозор) ва деҳаи Чилламазор (ҷамоати Ваҳдат) вобастагӣ дорад. Дар қабристони деҳаи Чиртак оромгоҳи шоир, мутафаккир Мавлоно Юсуф ҷой гирифтааст. Дар расонаҳои таърихӣ доир ба ҳаёту фаъолияти мавлоно Юсуф нигоришҳои гуногунақида сабт гардидаанд ва интиҳои ин баҳсҳо дар натиҷаи ковишҳои адабиётшиносон собит хоҳад гашт.

Мавзолеи Холбойқаро, ки ёдгории асрҳои ХIII-ХVII мебошад, тадқиқоти ҳаматарафа талаб мекунад. Тарҳ ва шакли ин мавзолей ба мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб нисбият дорад. Таърихи ёдгориҳои Қалъа (воқеъ дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Қаросу), Қалъаи Тоҳир (воқеъ дар деҳаи Қалъаи Малики ҷамоати Эскигузар) то ҳол аз тарафи бостоншиносон омӯхта нашудаанд. Вобаста ба асноди шифоҳӣ оиди ин ё̀дгориҳои аҷдодӣ мардум ривоятҳои бисёре медонанд.

Байни деҳаҳои Даштибеди Хурд ва Даштибеди Калони ҷамоати деҳоти Ваҳдат қабристоне бо дахмаҳои қадимаи қарнҳои IV-VII маҳфуз аст, ки бо нишонаҳояш ба давраи пеш аз истилои арабҳо рост меояд. Афсонаи кӯҳи Ширбибӣ таърихи асрорангези қадима дорад. Вақте кофирони Фаранг деҳаро забт ва мардонро ба қатл мерасонанду занону кӯдаконро ба асирӣ мебаранд, зани покдомани ҳокими Қалъаи Тоҳир ба кӯҳ фирор мекунад ва аз Худо илтиҷо менамояд, ки то ба асрии душман афтодан, ӯро ба санг мубаддал гардонад. Ин баёзи асотири қадима аст ва ба ҳар ҳол омӯхтани таърихи ин саҷдагоҳи мардум аз фоида холӣ нест.

Дар ҳақиқат Ваҳдат чун дигар навоҳиҳои Тоҷикистони азиз таърихи дур дорад. Бисёр фаҷиаҳои асрорангезро аз сар гузаронидааст. Ҳар мушти хокаш, ҳар пораи сангаш таърихе дорад. Ҳангоми таълифи ин китоб аз баъзе нигоштаҳои олимони бостоншинос А.Девонақулов «Асрори номҳои кишвар», А.Ёров «Аз таърихи ноҳияи Кофарниҳон» таърихи чанд шаҳру деҳаро ба шакли мухатасар, бо таҳриру баъзе иловаҳо ба хонандаи азизу гиромӣ пешкаш намоем.

Ҳамчунин дигар наворҳо: