ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия раиси шаҳри Ваҳдат, раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони комиссияи шаҳрии интихобот, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони мақомотҳоии ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок доштанд.
Бо садо додани Суруди Миллӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум оғоз гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Масъалаҳои зерин дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Ахбороти комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум.
2. Дар бораи қабули дастури кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум.
3. Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум.
4. Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум.
5. Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум.
6. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Ваҳдат.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия ахбороти комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум, раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Комилҷон Қурбонов шунида шуд.
Комилҷон Қурбонов зикр кард: “Интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 санаи 2-уми марти соли 2025 таъин гардида, комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат дар ҳайати 11 нафар бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат интихоб карда шуд.
Дар шаҳр барои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат 40 ҳавзаи интихоботӣ ва 102 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуда, шумораи интихобкунандагон 224 ҳазору 498 нафарро ташкил намуд.
Дар интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар 40 ҳавзаи интихоботӣ 40 номзад ва тариқи худпешбарӣ 15 номзад пешбарӣ шуда, ба қайд гирифта шуд.
Санаи 2-уми марти соли 2025 дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ раванди овоздиҳӣ аз соати 06:00 оғоз ва соати 20:00 анҷом ёфта, аз 224 ҳазору 498 нафар, шумораи умумии интихобкунандагон, дар интихобот 209 ҳазору 701 нафар, ки ин 93 фоизро ташкил медиҳад, ширкат намуданд. Аз ин шумора, 117 ҳазору 69 нафарро 52,1 фоиз занон ташкил медиҳад”.
Пас аз гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот иҷлосия, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтумро тасдиқ намуд.
Ҳамзамон, вакилони тозаинтихоб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳукуқии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат савганд ёд карданд.
Дар иҷлосия аввалин шуда, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода савганд ёд карда, дигар вакилон аз руи шумораи тартиби ин маросимро ба ҷо оварданд.
Инчунин, дар иҷлосия масъалаи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Ваҳдат №10 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Шоира Абдураҳимзода бо дарёфти аксар овозҳо аз ҳавзаи якмандатаи Ваҳдат №10, якдилона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр номзадии Шоира Абдураҳимзодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Ваҳдат №10 пешбарӣ карданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Мирзозода вакилонро ба муносибати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат интихоб гардиданашон сидқан табрик намуда, дар кор ва фаъолияти пурмасъули вакилиашон, ки баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр ва ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст, муваффақиятҳо таманно намуданд.
Ҳамчунин, баён гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузошта, як гӯшаи диёри худро ободу зебо гардонанд.
Вобаста ба ҳамаи маъалаҳои дар рӯзномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, ҷойдошта бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат қарорҳои якдилона қабул карда шуд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳусни анҷом бахшид.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:


