Ҷаласаи корӣ оид ба Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Имрӯз, яъне оғоз аз 16 то 20 июн бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид.
Бо ин мақсад, имрӯз ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани «Модарони ваҳдатсаро» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода ҷаласаи корӣ доир шуд.
Бояд гуфт, ки Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Ҳамзамон, дар ин сафар онҳо мавзеъҳои таърихию–фарҳангии кишвари азизамонро тамошо мекунанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


