ШАҲРУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар имрӯз дар толори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат бо аҳли маорифи шаҳр мулоқот доир шуд. Дар он вакилони Маҷлиси



