БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ МТМУ №35
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ чанде пеш раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода бо рафти корҳои сохтмонии бинои иловагӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шоразми Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон шинос шуданд.Нахуст масъулин оиди рафти корҳои сохтмонии муассиса ба раиси шаҳр маълумот доданд.
Мирзо Исмоилзода, пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмон ба масъулин суҳбат намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бунёд мегардад. Бинои муассисаи таълимӣ аз тарафи Бонки Осёии Рушд сохта мешавад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»




