БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МУҲТАРАМ МИРЗО ИСМОИЛЗОДА АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ИНШООТИ ҶАШНӢ
Имрӯз раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ, аз муассисаҳои таълимии шаҳр боздид карданд. Ҳамзамон, бо рафти таълиму тарбия дар муассисаҳоии мазкур ва сохтмони биноҳои иловагӣ шинос гардид.
Дар рафти боздид Мирзо Исмоилзода, баён намуданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намояд. Раиси шаҳр аз вазъи феълии муассисаҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки таваҷҷуҳу дастурҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм хеле зиёд аст. Ҳамзамон, вобаста ба тарбия намудани хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳои таълимӣ, таъмири синфхонаҳо, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" изҳори назар намуда, ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст.
Инчунин, раиси шаҳр бо рафти корҳои сохтмонӣ аз иншооти ҷашнӣ, ки дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷ бунёд шуда истодааст, аз наздик шинос шуданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфта, симои шаҳр рӯз аз рӯз боз ҳам зебо гардида истодааст.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи




