ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ИСМОИЛЗОДА МИРЗО ИБРОҲИМ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

17 авг 2026, 12:38
Слайдер / Соҳаҳо / Тандурустӣ / Навид / Навигариҳо
0


 

   Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!


     Ҳамасола дар кишвари азизамон - Тоҷикистон санаи 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин кулли собиқадорон ва кормандони соҳаро бо иди касбӣ - Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона муборакбод гуфта, ба Шумо фаъолияти садоқатмандона ба халқу ватан ва барои кору тансиҳативу иқболи баланд таманно менамоям.
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми солҳои Истиқлолият бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори «Солимии миллат - боигарии давлат» ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.

Рӯзи кормандони тибро на фақат табибон ва ҳамшираҳои шафқат, балки ҳамаи онҳое, ки бе ёрии онҳо рушди илми тиб ғайриимкон аст, онҳое ки бо наҷоти ҳаёти инсон алоқаманданд, ҷашн мегиранд, чун муҳандисон ва технологҳое, ки таҷҳизоти навро барои табобат ва ташхис ихтироъ мекунанд, ташхисдиҳандагони бемориҳо, химикҳо, биологҳо, лаборантҳо, санитарҳо ва амсоли инҳо.

Ин сана кайҳо аз доираи як ҷашни сирф касбӣ гузаштааст, зеро дар ҷаҳон касе нест, ки ба одамони либоси сафедпӯш барои кумак муроҷиат накунад. Маҳз дар ин рӯз кормандони соҳаи тиб ниёз ба пешаи онҳо ва саҳми худро дар солимии ҳаёти инсон ба таври махсус эҳсос намуда, аз касби хеш, аз муваффақиятҳо ва дастовардҳои худ ифтихор мекунанд. Дар ҳама давру замон он қаҳрамононе, ки ғамхории саломатии мардумро интихоб кардаанд, эҳтиром ва сазовори қадрдонӣ шудаанд.

Саҳми босазо ва арзандаи Шумо табибони гиромиқадр дар сиҳатмандии аҳолӣ басо назаррас арзёбӣ гардида, бешак корномаҳои якояки Шумо қобили зикр ва шоистаи таҳсин мебошад.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва меҳварии ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфта, ин аст, ки ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи тандурустӣ мунтазам тадбирҳои судманд ва ҳамешагӣ андешида мешаванд.

Дар таърихи миллатҳо ва давлатҳо рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки аз доираи як тасмими маъмурӣ ё иқдоми соҳавӣ фаротар рафта, ба падидаи муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ табдил меёбанд. 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23-юми майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» маҳз аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад. Ҳар пешниҳод ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон марҳила ва уфуқи тозае дар муаррифӣ ва шинохти дастовардҳои ҷумҳурии озоду соҳибихтиёр эътироф кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хиради азалӣ бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз медоранд, ки Абӯалӣ ибни Сино – фарзанди модари тоҷик, олими энсиклопедист, ки бештар осори ба илми тиб бахшидааш дар тамаддуни ҷаҳонӣ беназир аст, асрҳост эҷодаш мансуб ба ҷомеаи умумибашарист.

Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун иқдоми беназир дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик арзёбӣ гардида, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Кормандони соҳаи тандурустии шаҳр баҳри сиҳатии аҳолӣ хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд. Имрӯз дар шаҳр497 табиб, 1513 кормандони миёнаи тиб ва 779 кормандон доимӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Айни замон беморхонаҳою марказҳои ташхисию табобатӣ бо 940 кат ва 120 адад марказҳои саломатии шаҳрию деҳот баҳри хизматрасонии тиббӣ фаъолияти доимӣ доранд. Дар ин баробар, 11 маркази дигар ба аҳолӣ хизматрасонии тиббӣ мерасонад.

Итминон дорам, ки кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.

Бори дигар, фарорасии иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тибро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои умрро таманно дорам.


 Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!



 

Ҳамчунин дигар наворҳо: