ВАҲДАТ: ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...
Имрӯз ба муносибати Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимони шаҳр чорабинии идона доир гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода иштирок намуда, онҳоро ба муносибати ин Ҷашни муқаддас табрик карда, ба онҳо саломатӣ, комёбиҳо ва хонаи обод таманно намуданд. Ҳамчунин, зикр карданд, ки дар баробари заҳмату талошҳои ободкориву созанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон, маъюбон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор додаанд, ки ин иқдом намунаи ибрати ҳамагон мебошад. Инчунин, раиси шаҳр ба ятимону маюбон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи санъаткорони шаҳр барои болидарӯҳии кӯдакон, барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардида, ки ба он шаҳомати дигар бахшид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи




