ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ НУЪМОН РОЗИҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

20 авг 2026, 08:23
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
4
 
Дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода чорабинии идона баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил, рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид.
Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон, хусусан солимии ҷомеа, рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ, ҳифзи забон, расму ойинҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии насли ҷавон заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: