ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
17-уми августи соли 2026 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 152-и шаҳри Ваҳдат чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Муҳиддин Ҳабибулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарият, собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз Мирзо Исмоилзода, баромад намуда тамоми кормандони соҳаи тибро бо Рӯзи иди касбиашон табрику таҳният намуданд. Зимни суханронии хеш аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, хоссатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ва табибон ёдовар шуданд.
Дар ҳамин замина, зикр карда шуд, ки рушди бомароми соҳаи тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талош ва дастгириҳои доимии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат таъмин карда шуда, барои ташхису табобати шаҳрвандон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари азизамон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гаштааст.
Ҳамзамон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Муҳиддин баромад намуда, кормандони соҳаро ба иди касбӣ муборакбод намуданд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат ва собиқадорон бо ифтихорномаи раиси шаҳри Ваҳдат, нишони сарисинагии "Аълочи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон” ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом баҳри болидарӯҳии ҳозирин барномаи фарҳангӣ манзур гардид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи




