Боздиди раиси шаҳри Ваҳдат аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №131

26 авг 2026, 10:49
Маориф / Навид
2
 26 -уми августи соли 2026, раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №131-и Ҷамоати деҳоти Баҳор боздид намуда, бо рафти омодагӣ ба соли нави таҳсил шинос шуданд.
Зимни боздид ба м асъалаҳои омодагии Муассиса, вазъи синфхонаҳо, шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил ва фароҳам овардани шароити муносиб барои хонандагону омӯзгорон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: