ВАҲДАТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 17- уми апрели соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, муовини раиси ҶСК "Барқи тоҷик" Абдулло Қурбонзода ва раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2026 ва вазифагузориҳо барои семоҳаи дуюм баргузор гардид.Дар маҷлис муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ширкат доштанд.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар он муовини роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини аввали раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҳузур доранд.
Муовини аввали раиси шаҳр Давлат Холиқзода, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2026 гузориш дод.
Бо таҳлили вазъи тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои соҳаҳоро раиси шаҳр мавриди таҳлил қарор доданд. Барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи структураи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, иҷрои нақшаи кишти пахтаву картошка, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо ба муовинони раиси шаҳр ва роҳбарону фаъолон супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳо ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди муассисҳои таълимӣ ва дигар мавзуъҳо ҷалб карда шуд. Ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардида ба масъулин тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон, Абдулло Қурбонзода аз натиҷаҳои фаъолият натиҷагирӣ карда, барои бозҳам бештар ба даст овардани натиҷаҳои хубтар ба масъулини соҳаҳҳо тавсияҳо доданд.
Мирзо Исмоилзода, дар хотимаи ҷаласаи мазкур аз тамоми масъулин бори дигар даъват ба амал оварданд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо вазифадорем, ки корбариву коргузориро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем, то ин ки ба нишондиҳандаҳои хуб ноил гардем. Раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд Ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷиҳати иҷрои надастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар соли 2026 супориҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маълумоти таърих ӣ . Ва ҳ дат ша ҳ ри маъмурии тобеи ҷ ум ҳ ур ӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Ор ҷ оникидзеобод, соли 1991 ба Кофарни ҳ он ва аз соли



