АРҶГУЗОРӢ БА ФАРЗАНДОНИ НОМДОРИ МИЛЛАТ — НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, ШИРИНШО ШОҲТЕМУР ВА НИСОР МУҲАММАД

28 май 2026, 16:26
Слайдер / Навид / Навигариҳо
7
 Имрӯз раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир Исуф, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода Нусратулло Файзулло ба зиёрати оромгоҳи Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад рафтанд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо ёди неки қаҳрамону фарзандони номдори миллатро намуда, иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами навбатии дигар дар сарҷамъиву иттиҳоди миллат номиданд.
Бояд гуфт, ки ҳозирин назди хоки бузургон сари таъзим фуруд оварда, болои хоки онҳо гулгузорӣ намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо иқдоми беназир ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан оварда шуд.
Маросими ҷаноза ва ба хок супоридани онҳо дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос баргузор гардид.

Ҳамчунин дигар наворҳо: