МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

16 июн 2026, 12:46
Соҳаҳо / Маориф / Навид
4
  16- уми июни соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳислоти миёнаи умумии №152 зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода бо сардори раёсати маорифи шаҳр, директорҳои муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар намояндагони соҳа мулоқот доир гардид. Муовини раиси шаҳр зимни баромади худ оид баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо, омодагиҳо ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ИМД 2026, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо духтарони синфҳои 9-11 оид дур намондан аз таълим ва дигар мавзуъҳоро баррасӣ намуд.
Инчунин, зимни мулоқот масъалаҳои ҷалби хатмкунандагон ба сафи Артиши миллӣ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин дигар наворҳо: