ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МИРЗО ИСМОИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ САДА
Ҳамдиёрони азиз!
Қаблан ҳамаи шуморо ба ифтихори Ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми шумо файзу баракати зиёда таманно менамоям.
Баъдан бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки аз баракати соҳибистиқлолӣ ва бо василаи сиёсати хирадмандонаву маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои мардумиамон аз нав эҳё гардида, дар тӯли беш аз сиву се соли соҳибистиқлоли кишвар хеле рушду нумӯ ёфтанд.
Имрӯзҳо дар саросари кишварамон ба ифтихори Ҷашни қадимаи ниёгонамон тибқи амри Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои бошукӯҳ баргузор карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он минбаъд Иди Сада дар кишвар расман таҷлил карда мешавад.
Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни Сада дар сатҳи ҷумҳурӣ бори аввал рӯзи 30-уми январи соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардида, то имрӯз ин анъанаи нек идома дорад.
Боиси шукргузорист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷашни Сада ба сифати маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмуъ ҳамчун оини сирф мардумӣ таҷлил карда шуда, он бо ғояву моҳияти хеш дар таҳкими садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат кашидан ба хотири баракату фаровонӣ хизматҳои арзишманд менамояд.
Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллии худ ҳамчун сари сол шинохта ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дуюми сол ва Сада иди сеюми соли тақвими миллиамон аст, ки ҳамзамон, муқаддима ва заминасозе барои Ҷашни Наврӯз - сари соли оянда мебошад.
То ба имрӯз аз ин Ҷашни бостонии дорои таърихи беш аз шашҳазорсола силсилаи расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки наслҳои имрӯзаро бо гузаштаи халқамон пайванд менамоянд.
Шоистаи зикр аст, ки ҳадафи Пешвои миллат, аз эҳё намудани ҷашнҳои мардумӣ иборат аз он аст, ки бояд ҳар як фарди миллатамон дар вуҷуди хеш ҳисси ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсола доштанро парвариш дода, бо расму оинҳои гузашта ошно шуда, худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии хешро вусъат диҳад.
Ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабии гузаштагонамон ҳамчун рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.
Сада рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони Зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони гузаштаамон шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои Зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард.
Гуфтан ба маврид аст, ки Иди Сада баъд аз асрҳои Xll-Xll агарчи то як муддате аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми тоҷик нишонаҳои он боқӣ монда, то имрӯз бо тобишҳои гуногун ҷилва мекунад.
Шоири маъруф Абулқосим Фирдавсӣ дар достони оламшумули «Шоҳнома» зикр намудааст, ки ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг бо мақсади кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст.
Ҳамин аст, ки дар тӯли асрҳои зиёд гулхани оташ афрӯхтани ниёгонамон рамзи гиромидошти ин ҷашни бузург мебошад.
Ҷашни Сада аз давраи пайдоишаш то имрӯз ҳамчун чорабинии соҳаи кишоварзӣ дар таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ мусоидат намудааст.
Аз ин хотир, зиёдатар аз дигар табақаҳои мардум кишоварзон ин оини бостониро гиромӣ медоранд. Шояд як сабаби то замони мо омада расидани Сада маҳз марди деҳқон бошад.
Дар рӯзи баргузории Ҷашни Сада кишоварзон намоиши ниҳолҳо, меваву сабзавот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва таҷҳизоту техникаи кишварзӣ ва дигар навъҳои мансуб ба самти фаъолияташонро ба маърази намоиш мегузоранд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз бозиҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабинҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд.
Ин маъракаи воқеан халқӣ роҳбарияти тамоми зинаҳои соҳаи кишоварз ва дигар масъулонро водор месозад, ки омодагиро ба фасли баҳори оламафрӯз ҷиддӣ оғоз намоянд.
Аз корҳои кишоварзии соли гузашта натиҷагирӣ кардан як омили муҳими пешрафти кор ва расидан ба дастовардҳо маҳсуб меёбад.
Шуруъ аз имрӯз барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва боз ҳам беҳар гардонидани таъминоти сокинони кишвар бо маҳсулоти озуқа бояд заминаи мустаҳкам гузошт.
Ҷашни Сада суннатҳои писандидаи зиёде дорад, ки сарсабзу хуррам гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.
Дар амалӣ гардонидани ин суннати беҳтарини Сада, яъне дар ободонӣ ва рушду пешрафти кишварамон ҳиссагузорӣ намудан вазифа ва қарзи ҷонии инсонӣ ва ифтихори шаҳрвандии ҳар кадом аз сокини диёр ба шумор меравад.
Мавриди ёдоварист, ки моро таҷлили бузургу фархунда, муқаддастарин дастоварди миллату давлатамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст. Дар сатҳи баланди ободонӣ таҷлил намудани ин ҷашнвора бори бузурги масъулият ба зиммаи ҳар кадоме аз сокини кишварамон, алалхусус., шаҳри Ваҳдат мебошад.
Мо бояд аз ҳар як дақиқаву соату рӯзи давраи истиқболии ин ҷашни барои ҳар кадомамон азизу муқаддас бояд самранок истифода намуда, ба хотири боз ҳам зеботару пешрафтатар гардонидани деҳу диёр ва кишвари худ талош намоем.
Дар фарҷом бори дигар ҳар кадоми Шумо, ҳамдиёрони гиромиро ба ифтихори Ҷашни Сада самимона табрику таҳният мегӯям.
Сиҳатии комил, баракати умру рӯзгор, барору комёбиҳои ҳамарӯзаи фаъолияти Шумо ва сулҳу осоиши доимии кишвару сарбаландию саодатмандиҳои бештари миллатамон таманнои ҳамешагии мост.
Ҷашни Сада бароятон мубораку фархунда бод!
Ҳамчунин дигар наворҳо:


