БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ДАР МТМУ №7

Бо мақсади таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси тарбияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва сокинон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 хониши сиёсӣ бо усули «Мактаб ба мактаб» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони раёсати маорифи шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон ва оила ва масъулини муассиса иштирок намуда, оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риояи қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, риояи интизоми дохилимактабӣ, масъулияти омӯзгорон ва падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, оид ба масъалаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи қонунгузории кишвар ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа дар таълиму тарбияи насли оянда ибрози андеша намуд.
Дар идома масъалаҳои ҳамкории муассисаи таълимӣ бо падару модарон, ҷалби хонандагон ба китобхонӣ, омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дастгоҳи раиси шаҳр
Ҳамчунин дигар наворҳо:



