МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

22 янв 2026, 10:06
Сайёҳӣ
2

  

Маълумоти таърихӣ.  Ваҳдат шаҳри маъмурии тобеи ҷумҳурӣ буда, 17 сентябри соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Соли 1936 ба Орҷоникидзеобод, соли 1991 ба Кофарниҳон ва аз соли 2003 бо Қарори Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат тағйир дода шудааст. Аҳолии шаҳри Ваҳдат ба ҳолати 1 январи соли 2025 380,8 ҳазор нафар буда, ҳамагӣ 3,8 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Маълумоти ҷуғрофӣ. Шаҳри Ваҳдат пораест аз сарзамини кӯҳанбунёди тоҷикон, ки дар водии хушманзараи Ҳисор воқеъ гардидааст. Масоҳати шаҳр 3,7 ҳазор км2  (зиёда аз 60 фоизашро кӯҳҳо фаро гирифтаанд), аз шимол ба ҷануб 120 км ва аз шарқ ба ғарб 31 км тул кашидааст. Ваҳдат аз ҷануб ба ноҳияи Норак, Ёвон, аз шимол ба ноҳияи Айнӣ, аз шарқ ба Файзобод, Нуробод, аз ғарб ба Рӯдакӣ ва Варзоб ҳамсарҳад аст.                                           

          Иқлим

Шаҳр аз сатҳи баҳр дар баландии 800 метр воқеъ аст. Ҳарораташ вобаста ба баландӣ тағйир меёбад: то баландии 1500 метр тобистон гарм, зимистон начандон хунук (ҳарорати миёнаи моҳҳои июл 25-350 С) ва давомнокии давраи бехунукӣ 200-240 рӯзро ташкил медиҳад. Дар баландиҳои 1500- 2500 метр иқлим муътадил, тобистонаш салқин, зимистонаш хунук буда, дар баландиҳои бештар аз 3000 метр иқлими хунук ҳукмфармост. Миқдори боришот дар шаҳр ба ҳисоби миёна 700-900 мм-ро ташкил медиҳад. Теғаи куҳҳои баланд бо тармаву пиряхҳо пӯшида шудаанд.

Шаҳри Ваҳдат аз канданиҳои фоиданок бой аст. Захираҳои ангиштсанг  (кони ангишти Сайёд), гази сӯзанда, флюорит, масолеҳи бинокорӣ (гаҷ, гил, регу шағал) сангҳои ороишӣ, тилло (кони тиллои Покрӯд), захираи ҳавзаи ашё барои итеҳсоли семент ва дигар захираҳои мавҷуда ҳаст, ки барои рушди соҳаи саноати кишвар мусоидат мекунанд.

Дар шаҳри Ваҳдат 5 дарё мавҷуд аст, ки калонтаринашон дарёи Кофарниҳон ва Элок мебошанд. Дарозии дарёи Кофарниҳон 387 км ва Элок 97 км буда,  дарозии дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди шаҳр 80 км ва Элок 30 км-ро ташкил медиҳад.  

                                 

                                         Минтақаи  РОМИТ

Бинобар мавҷудияти мавзеъҳои истироҳатию инфрасохтори сайёҳӣ дар дараи Ромит бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2000, №358 “Дар бораи минтақаи истироҳат ва туризм” дараи Ромит ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон гардид.

 

                                      

Инфрасохтор

Рушди соҳаи сайёҳӣ бо дарназардошти мавҷудияти ҷойҳои истироҳатӣ ва таърихӣ дар шаҳр имконияти хеле васеъ дорад. Дар шаҳр дар заминаи обҳои гарми шифобахши табиӣ осоишгоҳҳои “Зайрон”, “Оби Шифо”, “Оби Шифо Дӯст”, “Садбарг” мавҷуд буда, фаъолият карда истодаанд. Инчунин, “Резервати биосферии Ромит”, дараҳои Ромит, Канаск, Архӯ, Чуянгарон, Симиганҷ, барои сайёҳонҷолиббуда, ҳамасола аз ин мавзеъҳосадҳосайёҳон дидан мекунанд. Мувофиқи маълумоти оморӣдаршаҳр инфрасохтори сайёҳӣ, азқабили:

Меҳмонхона – 17 адад

Тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона 63 адад

Ташноби сарироҳӣ (бо ба инобат гирифтани ташноби нуқтаҳоисӯзишворӣ) – 70 адад

Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 27 адад

Банкомат ва постерминалҳо – 110 адад

Марказҳои хизматрасонии автомобилӣ 33 адад

Ҳомстейҳо – 4 адад

Ёдгориҳоитаърихиюфарҳангӣ 55 адад

Ҳунармандон – 111 адад

Дарёҳо – 5 адад

Истироҳатгоҳҳои шахсӣ (дачаҳо) – 250 адад

Истироҳатгоҳҳои оммавӣ – 46 адад

Лагерҳои баччагона (мактабӣ) – 10 адад

Осоишгоҳ – 4 адад

 

 

Резервати биосферии  “Ромит”

Резервати биосферии  “Ромит” дар масофаи 80 км аз шаҳри Душанбе ва 50 км аз маркази шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, масоҳати он 16,4 ҳазор  гаро ташкил медиҳад. Роҳ ба сӯи ин мамнуъгоҳ сайргоҳи аҷибу ҳақиқиро мемонад. Ҳоло дар ҳар ду ҷониби ин роҳ истироҳатгоҳҳи зиёде бунёд шудаанд, ки диққати касро ба худ ҷалб менамояд. Гӯё  табиат дар мануъгоҳ тамоми шоҳкориҳоро ба вуҷуд оварда бошад. Боду ҳавои форам, чашмаҳои равон, обҳои зулол ба кас илҳоми тоза мебахшад. Тибқи маълумотҳо дар мамнуъгоҳ 1503 навъи наботот, як намуди обхезҳо, 17 намуди хазандаҳо, 134 намуди паррандагон, 32 намуди ҳайвоноти ширхўр мавҷуданд.

Дар ҳудуди резерват, дар натиҷаи кофтукови бостоншиносӣ ёдгориҳои таърихӣ- Қалъаи посбонҳо дар деҳаи Хушон, Қалъаи ҳисорак дар  деҳаи Коху ва қарияи калони Шаҳидон дар даромадгоҳи резерват маълум карда шудаанд, ки онҳо ба асри 10-12 рост меояд. Печҳои оҳанобкунӣ ва асбобҳои ва асбобҳои аз оҳан тайёркардашуда, ки дар инҷо ёфт шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар дохили Қалъа ғайр аз тайё намудани асбобу анҷомҳои муҳофизатӣ, бо ба тайёр намудани асбобу олоти зиндагӣ машғул мешуданд.

         

Дараи Арху

Арху калимаи суѓдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро ифода мекунад.

Мавзеи арху дар қисмати шарқии Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, дар масофаи 75 км дур аз шаҳри Ваҳдат воқеъ гардидааст. Арху ном гирифтани ин мавзеъ аз он ҷиҳат аст, ки болотар аз он деҳае бо ҳамин ном 60 сол пеш вуҷуд дошт, ки солҳои 60-уми садаи 20 сокинони ин мавзеъро тавассути тайёра ба деҳаҳои нисбатан ҳамвор ва ба марказ наздики шаҳри Ваҳдат ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҳоҷир намуданд.

Мавзеи мазкур дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Дар ин мавзеъ дарёе бо номи Рўди пок ҷорист, ки обаш ба таври ҳамешагӣ софу зулол мебошад. Дарёи мазкур аз чашмаҳо ѓизо гирифта, ҳамеша  сарду ҳаловатбахш аст.

Дар ин мавзеъ ҳайвоноти гуногун зиндагӣ менамоянд. Аз сумдорҳо: нахчир, муфлон, гуроз; аз даррандаҳо: хирс, гург, шаѓол, рўбоҳ, қоқук, савсор, вашақ, қашқалдоқ; аз хояндаҳо: суѓур, заргўш, ҷайра, хорпушт, мири мушон, кўрмуш; аз хазандаҳо: калтакалос ва ҳар гуна морҳо (убро, мори чипор, гурза); аз паррандаҳо: кабк, мурѓи ҳилол, уқоб, мурѓи ҳумо, заргулдор, дурроҷ ва ѓайра вомехўранд.

Дар дарёи Рўди пок навъи моҳии гулмоҳӣ, ки яке аз беҳтарин ва хушлаззаттарин моҳиҳо мебошад, мавҷуд аст. 

Дар ин мавзеъ истироҳатгоҳи Арху мавҷуд аст, ки дорои Меҳмонхонаи 5 ошёна буда, дар шафати дарёи пуртуѓёни Рўди пок воқеъ гардидааст. Меҳмонхона аз 18 ҳуҷраи люкс иборат буда, дорои 28 рахти хоб мебошад. Ҳуҷраҳо дорои ванна, кабинаи буѓӣ, телевизор, ҷевон ва дигар ашёҳои зарурӣ мебошад.

Инчунин, дар истироҳатгоҳ ду бинои ду ошёна (фарогири 8 ҳуҷра буда, яке дар шакли муосир ва дигарӣ бо тарҳи миллӣ, ки бо ороишоти куҳистона ва бо гилу лой орододашуда бунёд карда шудааст), ҳаммоми ду ошёна ( дорои буѓи тару хушк, ҳавзи шиноварӣ, толори масҳ, ду ҳуҷраи хоб),  ду мизи саққозанӣ, нўҳ беседка, ки чор тои он бо шиша пўшида шудааст, майдончаи варзишии футболу волейбол ва баскетбол, ду кати тобистона, ду ҳавзи шиноварӣ, ду тенниси рўи миз ва ҳавзи моҳигирӣ мавҷуд аст. Дар баробари ин, дар як гўшаи ин мавзеъ намуна – декоратсияи ҳавлиҳои кўҳистон ташкил карда шудааст.

Иқлими мавзеи Арху салқин ва табиаташ зебову назаррабо буда, заминҳояш дар ду фасли сол – баҳору тобистон сабзпўшу гуҳаррез мебошад.

 

Осоишгоҳи Зайрон

Осоишгоҳи  “Зайрон” дар масофаи 29,3 км дур дар деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромитҷойгирмебошад. ОбишифоиЗайрон”муассисаихусусӣбуда, дорои 3 биномебошад. Биноиасосӣбароихизматрасониитиббӣвадубиноидигар барои хизматрасонии меҳмонхонаамалмекунад. Дар оби шифо 60 адад кати хоб ва 10 адад кати тобистонаи истироҳатӣмавҷудаст. Ѓайр аз ин, барои баргузории ҷамъомадҳо, шабнишиниҳо ва дигар намудҳои дилхушӣ барои гардишгарон муҳайё карда шудааст.

Дар ҳуҷраҳоихизматиитиббӣ 3 ҳураимардонава 2 ҳуҷраизанонабароихизматрасонӣомодаанд. Сайёҳон аз ташхисидухтур гузашта, баъдан барои ба об даромадан тавсия дода мешаванд. Бағайразин,хизматрасониииловагиитиббӣ: парафин, озекрит, масҳвасӯзандармонӣнизбароимизоҷонмуҳайёкардашудааст.

Бинои дуюми оби шифои Зайрон дар масофаи 30 км., аз тарафи дасти рост ҷойгир аст, ки дарқисмидастичапи оношхонаитобистона, маконибозиҳоикӯдакон, толориконсертӣ,тренажорӣ, билярд, майдончаиварзишииволейболвабаскетболҷойгир аст.

Осоишгоҳаз 1 биноиасосӣиборатбуда, дорои 200 кати хоб бо хизматрасонии муосир амал менамояд.

Оби шифои Зайрон қабулисайёҳонро дар тамоми фасли солдорад.

Мавриди зикр аст, ки ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар сармашқи фаъолияти Бахш қарор дода, дар ин муддат 49 мулоқоту вохўриҳо бо шаҳрвандон оид ба рушди сайёҳӣ, таблиѓи мавзеъҳои сайёҳӣ, имтиёзҳои андозию гумрукии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди соҳаи ҳунармандӣ баргузор намудем.

Инчунин, дар вохӯриҳо нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаҳмонида шуд.

Қобилиқайдаст, ки Бахши рушди сайёҳииМақомотииҷроияиҳокимиятидавлатии шаҳриВаҳдатбомақсадиамалӣнамуданиякеазнуктаҳоиасосииПаёмиПешвоимиллат, ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмонҷиҳатирушдисайёҳиидохилӣваинчунинамалӣнамуданибандҳоидахлдориНақшаичорабиниҳои“Стратегияирушдисайёҳӣдар ҶумҳурииТоҷикистонбароидавраитосоли 2030 бароисолҳои 2023-2026 хатсайри сайёҳии“Ваҳдат-Сафеддара-Ваҳдат”-ро ташкил намуда, санаи 9 феврали соли 2025 бо розигии Раиси шаҳр 34 нафаркормандонимақомотииҷроияиҳокимиятидавлатиишаҳрробароибоздидазмавзеисайёҳии“Сафеддара”сафарбар намуд.

Инчунин, санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар ҳамкорӣбоКумитаирушдисайёҳииназдиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон хатсайри сайёҳиидохилии“Душанбе-Ваҳдат-Ромит-Душанбе”-ро бо мақсадирушдисайёҳиидохилӣ ва таблиғумуаррифиибештариимкониятҳоисайёҳиишаҳриВаҳдат, бахусусдараиРомитташкилвароҳандозӣнамудем.

Дар хатсайри мазкур намояндагони вазорату идораҳо, мақомотииҷроияиҳокимиятидавлатиишаҳриДушанбе, ташкилотҳоиҷамъиятӣ, хабарнигоронивоситаҳоиахбориоммаваблогероништирокдоштанд.  

Боиси тазаккур аст, ки рафти хатсайр дар воситаҳоиахбориоммавашабакаҳоииҷтимоӣнашрвапахш карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Бахши рушди сайёҳии шаҳрдарфестивалуҷашнҳовачорабиниҳоисатҳимаҳаллиюҷумҳуриявӣ, азҷумлаҷашнҳои:

- “Сада”;

- “Наврӯз”;

- “Тиргон”;

- фестивали байналмилалии “Наврӯзмеросифарҳангиюҷаҳонгардӣ (шаҳриДушанбе, 22 марти соли 2025);

- “Фестивали пиряхҳо дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳибаландоидбаҳифзипиряхҳо (29 майи соли 2025 дар Боғифарҳангиюфароғатии“Наврӯзгоҳ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки дар доираи  Конфронси байналмилалии Ҳифзипиряхҳо санаи 1 июни соли 2025 хатсайри сайёҳииДушанбе-Ромит-Арху-Душанбе ташкил шуда, меҳмононвасайёҳонихориҷииКонференсияимазкуразмавзеъҳоисайёҳиидараиРомитишаҳриВаҳдат (мавзеиАрхувамоҳипарварииҶДММ“Баҳор”) диданнамуданд.)

- ФОРУМИ САЙЁҲИИХАТЛОН – ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” (20 июни соли 2025 дар шаҳри Кӯлоби Вилояти Хатлон);

- ФОРУМИ “БАДАХШОН-ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН” (14 августи соли 2025, дар ноҳияиДарвозивилоятиМухторикӯҳистониБадахшон);

- Ҷаласаи чоруми Гурӯҳикорииҷумҳуриявӣоидба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳоимардумӣваташкилуназоратикорҳоиободонивукабудизоркунӣдарвилоятҳовашаҳруноҳияҳо(15 августи соли 2025, дар ноҳияиДарвозивилоятиМухторикӯҳистониБадахшон);

- Нахустин форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаисайёҳӣ таҳтиунвониТағйирдоданииқтисодиёттавассутисармоягузориистратегӣдарсоҳаисайёҳӣ” (17 сентябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.)

- дуюмин НамоишгоҳибайналмилалиисайёҳииДушанбе-2025 (Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2025”), ки санаҳои 18-20 сентябри соли ҷорӣдаршаҳриДушанбебаргузоргардид, ширкати фаъол намуда, дар ин чорабиниҳомаҳсулотисайёҳиюҳунаридастииҳунармандонишаҳрҷиҳатимуаррифӣватаблиғбанамоишгузошташуд.  

Бахши рушди сайёҳиишаҳрҷиҳати дар сатҳибаландтаҷлилнамудани 34-умин солгарди ИстиқлолидавлатииҶумҳурииТоҷикистонвабахшидабаРӯзиумумиҷаҳониисайёҳӣ, киҳамасола дар саросари ҷаҳон 27 сентябр ҷашнгирифтамешавад, ҳамоишҳоитантанавӣ, намоишиҳунарҳоидастӣ, маҳсулоти сайёҳӣ ва чорабиниҳоифарҳангиродарКоллеҷиомӯзгорӣвасайёҳӣбоомӯзгоронвадонишҷӯёндоирнамудем.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣдарҳамкорӣбоМарказиҷумҳуриявиитакмилиихтисосикормандонисоҳаҳоисайёҳӣвахизматрасонииДонишгоҳибайналмилалиисайёҳӣвасоҳибкорииТоҷикистонваКоллеҷиомӯзгорӣвасайёҳиишаҳрзиёдааз 20 нафаркормандонитарабхона ва ошхонаҳоишаҳриВаҳдатбаомӯзишфарогирифташуда, пасазанҷомитаҳсилкормандонбоСертификатваБахширушдисайёҳииМақомотииҷроияиҳокимиятидавлатиишаҳрбоСипосномақадрдонӣкардашуданд.

Бо ташаббуси Бахши рушди сайёҳӣ дар соли ҷорӣ тарабхонаи “Шоми Наврӯз” ба озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтаринсубъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон пешниҳод гардида, дар номинатсияи “Беҳтарин Тарабхона” сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар соли ҷорӣ дар шаҳр ду инфрасохтори сайёҳӣ, азҷумла тарабхонаи замонавӣбономиҲаштахтарон”дарканори  шоҳроҳиВаҳдат-Ромит, ҶамоатидеҳотиЧуянгарон, деҳаиЧуянгаронваосоишгоҳи“Париж”дарканоришоҳроҳиВаҳдат-Душанбе, Ҷамоати деҳотиБаҳор, деҳаиПистамазорсохта, мавридибаҳрабардорӣқарордодашуданд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат 46 истироҳатгоҳҳои оммавӣ, 10 лагерҳои баччагона (мактабӣ), 250 истироҳатгоҳҳои шахсӣ (дачаҳо), 5 осоишгоҳ, 17 меҳмонхона, 7 тарабхона, 60 ошхона (чойхона, қаҳвахона ва хӯроки тезтайёр), 70 ташноби сарироҳӣ, 10 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 3 майдони чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

 Таблиѓи мавзеъҳои сайёҳӣ омили афзоишдиҳандаи ташрифи сайёҳон буда, вобаста ба ин 48 навори таблиғотии телевизионӣ аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳр таҳия гардида, тавассути телевизионҳои давлатии “Телевизиони Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Синамо”, “МИР” ва “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиш дода шуд.

Инчунин, мунтазам навору аксҳо ва роликҳои рекламавӣ аз мавзеъҳои назаррабои дараи Ромит наворбардорӣ шуда, тавассути сомонаи давлатии  www.vahdat.tj, шабакаи ҷаҳонии YouTube ва саҳифаи фейсбукии “Бахши рушди сайёҳии шаҳри Ваҳдат” пахш карда мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли ҷорӣ 82 457нафар сайёҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 1197 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Сайёҳони хориҷӣ асосан аз давлатҳои
Ӯзбекистон,
Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Белоруссия, Арманистон, Эрон, Чин, Австралия, Покистон, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои Осиёву Африқо, Аврупо ва Ховари миёна мебошанд.  

Омори ташрифи сайёҳонбашаҳр рӯбаафзоишдошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11457 нафар ва ё 16,1% зиёд мебошад.

Омори ташрифи сайёҳони хориҷӣниззиёдгардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 377 нафар ва ё 45,9% зиёд мебошад.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: