ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 14-уми ноябри соли 2025, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-и шаҳри Ваҳдат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр ва собиқадорон, фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.Дар чорабинӣ бо Садо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода суханронӣ карда, зикр намуданд, ки нақши мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, низоми давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, инчунин, амалӣ гардидани ормонҳои миллии чандинҳазорсолаи халқи тоҷик беназир буда, татбиқ гардидани сиёсати оқилона ва дастуру роҳнамоии бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат боиси пешравию шукуфоии кишвар гардидааст ва садоқат, муттаҳидӣ ва меҳру муҳаббати шоёни мардумро ба бор овардааст.
Заҳмату талошҳои Президенти кишварро мардуми шарафманди Тоҷикистон ба назар гирифта, бобати арҷгузорӣ ба меҳнату садоқати ин шахсияти нотакрори таърихӣ соли 2016 унвони олии Пешвои миллатро лоиқ донистанд ва аз тарафи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таъйин карда шуда, ҳар сол он дар саросари кишвар бо шукӯҳу ихлосмандии хоса истиқбол мегардад.
Раиси шаҳр таъкид карданд, ки ташаббусҳои Роҳбари давлат дар баробари беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон, ба ҳалли мушкилоти мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд, ки боис ба баланд гардидани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шудааст ва иштироки мустақими Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои сиёсию экологии ҷаҳон, мубориза бар зидди хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизму терроризм, масъалаҳои мушкилоти дастрасӣ ба об, ҳифзи табиату наботот дар сайёра хеле назаррас мебошад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.
Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Таҳти раёсати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия XVI як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар дошта, принсипҳои башардӯстӣ қарор кард. Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.
Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.
Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ бомасъулият ва дурандешона амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд. Дар муддати кутоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти байналмилалидошта шароит фароҳам оварда шуд, гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷаъиятию сиёсиро имконпазир сохта, боиси Ваҳдати воқеии халқҳои Тоҷикистон гардид, ки мисоли равшани он бо сарварии Президенти кишвар таъсисёбии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмӯъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт. Самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
Роҳбари давлати тоҷикон бо роҳи таъмин намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
16 ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик таҷассуми эҳтиром ва қадрдонии нақш ва саҳми нотакрори Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин, дар охири чорабинӣ барномаи фархангӣ бо иштироки сарояндаҳои ҷумҳурӣ доир шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»



