ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН БОЯД ЗЕРИ НАЗОРАТИ МАХСУС ҚАРОР ГИРАД
Санаи 23-уми апарели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо муовинони раиси шаҳр, раисони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардорони шуъба ва бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва дин, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фаъолони шаҳр мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии хуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи маориф», инчунин, таҳлили семоҳаи раёсати морифи шаҳр ва дигар мавзуъҳо сухан ронда шуд. Дар оғоз иштирокдоро аз видиоролик, ки рафту кирдори бадахлоқонаи баъзе хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, навор гирифта шудааст тамошо карданд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот сардори нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор муаррифӣ шуд.
Баъдан Бухоризода Мансур роҳбари дастгоҳи ВКД баромад намуда, таъкид кардаанд: “Таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар аз тарафи наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия намоем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавӣ омӯзанд ва дар оянда дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб шаванд”.
Гуфта шуд, ки тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Хулқу атвор ва ояндаи фарзанд аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар вобастагии калон дорад. Ҳар муносибатеро, ки кӯдак дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат дучор шуд, ҷоҳил мегардад.
Инчунин, дар мулоқот масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Дар идомаи мулоқот Умарҷони Эмомалӣ полковники милитсия, муовини аввали сардори раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешгирии корҳои номатлуб миёни наврасон, бахусус миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, баргузории чорабиниҳои гуногуни маданиву равшаннамоӣ, пур намудани мафкураи оилаҳои ҷавон ва кӯдакону ҷавонон бо ақидаҳои ватандӯстонаву илму фарҳанг, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, зери назорати махсус қарор додани тарбияи фарзандон ва фарогирии наврасону кӯдакон ба китобхонӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, Асроров Фирдавсӣ сардори шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр,бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ баромад карданд.
Таъкид гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавонон ва волидайнро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникиву технологиашонро мустаҳкам намоянд. Бояд падару модар, ки таъминкунандаи телефонҳои мобилӣ ва маблағи интернети фарзанд мебошанд, пайваста назорат намоянд, ки фарзандашон дар ин фазои маҷозӣ бо киҳо суҳбат мекунад, чӣ гуна маводро меписандад ва назарашро чӣ гуна баён менамояд.
Иброз гардид, ки вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама, масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд, мебошад. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил зиндагии мо хуш мегузарад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон бояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак метавонад оқибатҳои ногувор ба бор орад ва ҳатто онҳо метавонанд ояндаи худро зери хатар гузоранд.
Зикр шуд, ки ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар,омӯзгор, инчунин, ҷомеа ва дигар қишрҳои он вазифадор ҳастанд.
Бояд гуфт, ки дар рафти мулоқот таклифу пешниҳодҳо ва баъзе комбудиҳо аз тарафи масъулини вазорати ВКД дар соҳаи маориф, бахусус сари вақт ҳозир нашудани хонандагон ба дарс ва дигар мушкилоти соҳа баён гардид. Дар хотимаи мулоқот раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, зикр карданд, ки он таклифу пешниҳод ва мушкилоти ҷойдоштаро дар соҳаи морифи шаҳр зери назорати худ гирифта дар фурсатҳои наздиктарин ҳали худро хоҳад ёфт.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


