ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ – 2026»

25- уми ноябри соли 2026, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол – 2026» бо иштироки ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
Озмуни мазкур дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон, дастгирии ҳунармандон ва баланд бардоштани мақоми ҳунару фарҳанги миллӣ равона гардидаанд, баргузор шуд.
Ин иқдом барои арҷгузорӣ ба ҳунари волои мардумӣ, муаррифии анъанаҳои миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди ҳунармандӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол – 2026» бо мақсади дастгирии ҳунармандони мардумӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва муаррифии фарҳангу ҳунари тоҷик баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати худро аз рӯйи панҷ номинатсия — тарроҳӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, армуғони сайёҳӣ ва зардӯзӣ ба намоиш гузоштанд.
Зимни маросим Дилрабо Мансурӣ ва Солеҳа Холмаҳмадзода суханронӣ намуда, ба нақши ҳунармандони мардумӣ дар ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки ҳунарҳои мардумӣ яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, дар тарбияи насли ҷавон, эҳёи суннатҳои ниёгон ва рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони озмун барои маҳорати баланди касбӣ, эҷодкорӣ ва саҳми арзанда дар рушди ҳунарҳои мардумӣ бо туҳфаҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол – 2026» ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии ҳунармандон ва муаррифии беҳтарин намунаҳои ҳунари миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



