АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА УМАРИ ХАЙЁМ — НОМБАРДОРОНИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР АРСАИ ҶАҲОН

26 ноя 2026, 14:19
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Соҳаҳо
0

 Ба муносибати эътирофи саҳми бузурги Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар тамаддуни ҷаҳонӣ


Миллати тоҷик аз қадим дорои таърихи пурғановат, фарҳанги воло ва фарзандони фарзонаест, ки бо дониш, хирад ва осори гаронбаҳои худ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар қатори чунин шахсиятҳои барҷаста номи ду абармарди илму адаб — Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Абуалӣ ибни Сино (980–1037) яке аз бузургтарин донишмандони ҷаҳон, табиб, файласуф ва мутафаккири маъруф ба шумор меравад. Осори илмии ӯ, аз ҷумла китоби машҳури «Ал-қонун фи-т-тиб», дар тӯли асрҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими донишҳои тиббӣ истифода гардидааст. Андешаҳои фалсафӣ ва таҳқиқоти илмии ӯ дар пешрафти илму маърифат нақши муҳим бозидаанд.

Умари Хайём (1048–1131) бошад, ҳамчун шоир, риёзидон, мунаҷҷим ва файласуфи бузург дар таърихи илму адаби ҷаҳон мақоми хос дорад. Ӯ бо рубоиёти пурмазмун, андешаҳои амиқи фалсафӣ ва дастовардҳои илмии худ дар байни халқҳои ҷаҳон шуҳрати беандоза пайдо кардааст. Осори Умари Хайём то имрӯз мавриди омӯзиш ва таваҷҷуҳи муҳаққиқону дӯстдорони адабиёт қарор дорад.

Эътироф ва гиромидошти шахсиятҳои бузурги таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ нишонаи арҷгузорӣ ба илму дониш, фарҳанг ва мероси маънавии халқҳо мебошад. Ин гуна иқдомҳо барои муаррифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ аҳаммияти бузург доранд.

Мо- тоҷикон, аз он ифтихор дорем, ки фарзандони фарзонаи миллати мо бо осори ҷовидонаи худ на танҳо дар таърихи халқи тоҷик, балки дар ганҷинаи тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи шоиста доранд.

Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ин рӯйдоди фархундаро муборакбод гуфта, орзумандем, ки номи фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша вирди забонҳо ва мероси илмию фарҳангии онҳо барои наслҳои оянда роҳнамои зиндагӣ бошад!


 

Ҳамчунин дигар наворҳо: