75-СОЛАГИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ШЕРАЛӢ МӮСО БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТ ТАҶЛИЛ ГАРДИД
ВАҲДАТ: 20.11.2026. Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 152- и шаҳри Ваҳдат ба муносибати 75-солагии зодрузи Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шералӣ Мӯсо маҳфили бошукӯҳи эҷодиву фарҳангӣ баргузор гардид.Дар маҳфили мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Ваҳдат, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин Файзулло, муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони соҳаи маорифу фарҳанг, омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, китобдорон, аҳли қалам, шоирону нависандагон, ҳофизон ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ чеҳраҳои шинохтаи адабиёту фарҳанги тоҷик, аз ҷумла ҳунарманди шинохта Саидқул Билол, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, инчунин Бузургмеҳри Ҳаким, Заррагул Мирсаид, Зинатулло Исмоилзода, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Мурод Муродӣ, Абдусаттор Раҳмон, Давлати Раҳмониён, Хурсандӣ Ҳоҷимурод, Ибодулло Машраб, Муҳаррама Шарипова ва дигар намояндагони аҳли қаламу адабиёт ҳузур доштанд.
Маҳфили эҷодӣ ба хотири гиромидошти 75-солагии зодрӯзи адиби маъруф ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик баргузор гардида, ба як ҳамоиши хотирмон ва пурмуҳтавои фарҳангиву адабӣ табдил ёфт.
Зимни маҳфил иштирокдорон аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шералӣ Мӯсо, роҳи пурифтихори эҷодӣ, осори гаронбаҳои адабӣ ва саҳми арзандаи ӯ дар рушди адабиёти тоҷик ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки эҷодиёти адиб бо мазмуну муҳтавои баланд, инъикоси арзишҳои миллӣ, масъалаҳои муҳими зиндагӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа мавқеи хосса дорад.
Ҳамчунин, адибону шоирони шинохта доир ба ҷойгоҳи Шералӣ Мӯсо дар адабиёти муосири тоҷик, хусусиятҳои эҷодӣ ва нақши осори ӯ дар тарбияи насли наврасу ҷавон андешаҳои худро баён намуда, аз хотираҳои нек ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳамкориву ҳамнишинӣ бо адиб ёдовар шуданд.
Дар баробари ин, барномаи рангини фарҳангӣ ва эҷодӣ бо иштироки ҳунармандон ва аҳли фарҳанг пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Сурудҳои дилнишин, баромадҳои адабӣ ва дигар намоишҳои ҳунарӣ ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати хосса бахшида, фазои толорро саршор аз самимияту эҳтиром ва муҳаббат ба каломи бадеъ гардониданд.
Дар чорабинӣ омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, китобдорон, намояндагони соҳаи маорифу фарҳанг ва дигар даъватшудагон низ фаъолона иштирок намуда, аз суҳбату андешаҳои адибону шоирон ва муҳити созандаи маҳфил баҳра бардоштанд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тарғиби адабиёти пурғановати тоҷик, таҳкими эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯзиши осори адибони маъруф нақши муҳим мегузорад.
Дар анҷоми маҳфил Шералӣ Мӯсо барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор намудани маҳфили эҷодӣ, пеш аз ҳама, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин, ба тамоми шахсону сохторҳое, ки дар омодагӣ ва баргузории ин чорабинии фарҳангиву адабӣ саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Дар маҷмӯъ, маҳфил дар фазои самимияту эҳтиром ва бо барномаи рангини адабиву фарҳангӣ баргузор гардида, дар хотири иштирокдорон таассуроти нек ва муҳтавои арзишманди маънавию адабӣ боқӣ гузошт.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар



