ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ  «ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026» ДАР НОМИНАТСИЯИ АРМУҒОНИ САЙЁҲӢ ЗАРРИНА САЙФИДДИНОВА САЗОВОРИ ҶОЙИ ЯКУМ ГАРДИД

26 ноя 2026, 16:10
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
0

 

Санаи 25- уми ноябри соли 2026, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол – 2026» бо иштироки ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.   


Озмуни мазкур дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон, дастгирии ҳунармандон ва баланд бардоштани мақоми ҳунару фарҳанги миллӣ равона гардидаанд, баргузор шуд.


Ин иқдом барои арҷгузорӣ ба ҳунари волои мардумӣ, муаррифии анъанаҳои миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди ҳунармандӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.


Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол – 2026» бо мақсади дастгирии ҳунармандони мардумӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва муаррифии фарҳангу ҳунари тоҷик баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати худро аз рӯйи панҷ номинатсия — тарроҳӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, армуғони сайёҳӣ ва зардӯзӣ ба намоиш гузоштанд.


Боиси ифтихор ва хурсандии сокинони шаҳри Ваҳдат аст, ки дар ин Озмун мувофиқи хулосаи ҳакамон дар номинатсияи армуғони сайёҳӣ Сайфиддинова Заррина сокини шаҳрсазовори ҷойи якум, бо диплом ва туҳфаҳо  қадрдонӣ гардид.


 


 




 




 

Ҳамчунин дигар наворҳо: