ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МУҲТАРАМ ИСМОИЛЗОДА МИРЗО ИБРОҲИМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

27 июн 2026, 09:30
Слайдер / Навид
2
Ҳамдиёрони арҷманд!
Бояд гуфт, ки Ваҳдати миллӣ арзиши муқаддасу таърихӣ, неъмати бебаҳо ва падидаи қисматсозу ифтихорофарин маҳсуб ёфта, маҳсули азму талош, иродатмандии қавӣ ва суннати азалии сулҳофарии халқи куҳанбунёди мо мебошад, ки аз баракати ин дастоварди беназир мардум аз хавфи парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоламон аз таҳдиди воқеии аз байн рафтан наҷот ёфт. Ҳамдиёрони азиз ҳамаи Шуморо ба муносибати ин ҷашни фархундаву тақдирсози миллатамон - 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сидқан муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии ҳамешагӣ, дар кору фаъолият ва рӯзгоратон барору комёбиҳои беназир, барои Тоҷикистони азизамон тинҷиву осоиштагӣ ва пешрафту шукуфоиҳои азимтарро таманно менамоям. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳиму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандиро хотима бахшида, ба ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд.
Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ дӯстию якдигарфаҳми ҳукумфармост он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисоди ва фарҳанги пеш меравад. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрванди вақте ба амал омад бесарусомониҳои зиёдро ба сари мардум овард. Аз ин лиҳоз, барои аз навсозӣ ва эҳёи миллат нафаре лозим буд. Баъди пароканда гардидани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли комили давлатӣ ба даст овард, аммо ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро неруҳои аҳримании дохилию хориҷӣ намехостанд чунин як давлати демократии дар харитаи ҷаҳон зуҳурёфта рушд намояд ва ба камол бирасад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дигар ҳодисаҳои нангин тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоннишиниҳоро ба миён оварданд ва миллати тоҷик рӯ ба парокандагӣ ниҳод.
Хушбахтона, дар чунин вазъи басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар рафти он вакилони халқ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлат интихоб намуданд.
Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ ба халқи Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор кард: «То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шуруъ накунем, ҳеҷ гуна кумаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба Ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».
Дар ҳақиқат, таърих гувоҳ аст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардондани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонданд, ки ба Ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасаввур намекард.
Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат музокироти сулҳи тоҷикон шуруъ шуд. Ҷаноби Олӣ зимни вохӯриҳо бо мухолифон такрор ба такрор мегуфтанд: “Агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд”.
Дар ниҳояти кор гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданду ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқат ба Ватан ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷӯӣ ва даргириҳо дар кишварамон хотима ёфта, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуданд. Имрӯзҳо мактаби сулҳофарии Пешвои маҳбуби миллати мо мавриди омӯзиши СММ ва бисёр давлатҳои олам гардидааст.
Ба андешаи Пешвои миллат: “Ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст”.
Шаҳри Ваҳдат низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва таъмини фазои мусоиди суботи сиёсӣ бо марҳилаи пешрафт ва таҳаввулоти азими созандагию бунёдкории мамлакат ҳамқадам буда, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят бамаротиб беҳтар гардида истодаанд.
Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманду соҳибсаодати шаҳри Ваҳдат дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ намудани ташаббусҳои беназирро идома дода, бо анҷоми корҳои бунёдкорию созандагӣ дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир зарур аст, ки ҳар як фарди ватандӯст дар тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат худро масъул донад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ пайдост. Мо – тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқона Ватани азизамон – Тоҷикистонро обод гардонем.
Бори дигар кулли мардуми кишвар, бахусус, сокинони датандӯсти шаҳри Ваҳдатро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, ба ҳар кадоми онҳ пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон Ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.
Таманнои онро дорам, ки Ваҳдати миллиамон ҳамчун неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу ояндаамон ҳамеша пойдор бошад!
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳамчунин дигар наворҳо: