ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ШУД
Санаи 29-уми сентябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халки шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис, корҳонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳо ва вакилони шаҳрӣ иштирок намуданд.
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони ҳалки шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, вакилон котиботи иҷлосияро интиҳоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Масъалаҳои зерин дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми декабри соли 2021, №568 «Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026».
2. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2022, №484 «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027».
3. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29- уми декабри соли 2022, №630 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028».
4. Ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов.
5. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халки шаҳр оид саноат ва сохтмон.
6. Дар бораи тасдиқ намудани лоиҳаҳои муфассали банақшагирӣ ва иморатсозӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат.
7. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр оид ба ҷудо намудани маблағҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр.
8. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои дар рӯзномаи Маҷлиси вакилони халки шаҳри Ваҳдат ҷойдошта бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халки шаҳри Ваҳдат қарорҳои якдилона қабул карда шуд.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои мазкур Раиси Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ба муовинони раиси шаҳр, сарпарастони соҳа якҷо бо раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи томактабӣ, бедор намудани завқи кӯдакон ба хониш ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳама муассисаҳои томактабӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Маҷлиси вакилони халки шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмону меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, тандурустиву фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони шаҳр вазифагузорӣ намуданд.
Баён гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузошта, як гӯшаи диёри худро ободу зебо гардонанд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, вакилон ва кулли иштирокдоронро ба хидмати содиқона барои рушду нумуи шаҳри Ваҳдат, ки як гӯшаи ватани азизамон мебошад даъват намуданд.
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳусни анҷом бахшид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи




