ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ВОБАСТА БА БАРРАСИИ ЯК ҚАТОР МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДОИР ШУД
Ваҳдат: 26.02.2026. Тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ имрӯз, 26-уми феврали соли равон дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, муовини соҳавии раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода, директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика Саидзода Файзалӣ Барот ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр иштирок намуданд.Сараввал муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода меҳмононро ба шаҳри Ваҳдат аз номи раиси шаҳр муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим, коллективи соҳаи тандурустии шаҳр хайрумақдам намуданд.
Сипас, Абдухолиқ Амирзода сухан намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории чорабинӣ андешаронӣ кард.
Баъдан, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ба самъи ҳозирин расонида шуданд.
Дар ҷаласа, инчунин, ба масъалаҳои рафти маъракаи иммунизатсия дар шаҳри Ваҳдат, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи саломатии аҳолӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллии дар пеш истода ва ғайра таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Абдухолиқ Амирзода ба масъулини соҳаи тандурустии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



