ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲР
Ваҳдат: 28.03.2026. Санаи 28- уми марти соли 2026, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.Дар тантанаҳои наврӯзӣ раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо иштирок доштанд.
Меҳмононро санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассиса бо навои карнаю сурнай дар Коллеҷ пешвоз гирифтанд. Хонандагони муассисаи таълимӣ бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, раиси шаҳр аз хаймаҳои наврӯзӣ ки муаррифигари расму оини миллати тоҷик буданд дидан карда, доир ба ин ё он хусусияти хоси анъанаҳои наврӯзӣ бо хонанадагону сокинони шаҳр ҳамсуҳбат гардиданд.
Мирзо Исмоилзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар, сокинони шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассисаро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуданд. Зикр кард, ки соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ба ифтихори Ҷашни Наврӯз гирду атрофи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” бо шиорҳо ва парчами миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон ва омӯзгорону хонандагон хурсандӣ мекарданд.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



