ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МУҲТАРАМ МИРЗО ИСМОИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 фев 2026, 13:00
Навид / Навигариҳо
6
Ҳамасола халқи шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 – юми феврал санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ бо самимият ва шукӯҳи хосса таҷлил менамоянд.
Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишваро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус дода, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиши миллӣ бо мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунанд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъминоти волоияти қонун пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар 33 сол артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.
Боиси ифтихору хушнудист, ки садҳо нафар ҷавонони бо нангу номӯси шаҳри Ваҳдати мо низ ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан – Модар бо сарбаландиву бошарафона адо менамоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои сохтории он баҳри тарбияи ватанпарастии ҷавонон пайваста чораҳоро амалӣ намуда, барои аскарони аз шаҳр даъватгардида, ки дар ҷузъ томҳои Артиши миллӣ адои хизмат мекунанд, ғамхориҳо зоҳир намуда, мунтазам аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегарданд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан – Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.
Бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо, инчунин, тамоми ҳамдиёрони азизро ба ифтихори 33 солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон сарбаландию некномӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзумандам.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Ҳамчунин дигар наворҳо: