БАРГУЗОРИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ваҳдат: 25.02.2026. Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат, бо иштироки раиси Шуро прокурори шаҳри Ваҳдат Абдусатторзода Умед аъзоёни Шуро сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат Асроров Фирдавсӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр Рамазонзода Мансур, сардори нозироти андози шаҳр Раҳимзода Назирмад доир гардид.Инчунин, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, муовинони раиси шаҳр ва кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон, муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои назди мақомот, кормандони соҳаи энергетика, омӯзгорон ва дигар кормандони касбу кори гуногун иштирок намудаанд.
Дар он як қатор масъалаҳои мубраму ҳалталаб, аз ҷумла таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», истифодаи сарфакорона ва ошкору пешгирии далелҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, содиршавии амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон, аз таҳсил дур мондани наврасон ва баланд бардоштани масъулиятнокии волидайн ва субъектони дар таълиму тарбияи наврасон масъул, аз ҷониби роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.
Оид ба масъалаҳои зикршуда, раиси шаҳр ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр муфассал суханронӣ намуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа намудаанд.
Таъкид гардид, ки танҳо дар ҳолати иҷрои пурраи талаботи қонунҳои амалкунанда ва ҳамбастагии тамоми қишрҳои фаъоли ҷомеа метавон суботу оромӣ дар кишвар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ҳифз карда шавад.
Ҳамзамон, дар муҳокимаи мавзуҳои баррасишуда аъзои Шуро ва дигар иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, фикру андеша ва таклифҳояшонро иброз намуданд.
Инчунин, дар фарҷом ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби аъзоёни Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



