БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ ҶАВОНОН

15 апр 2026, 12:58
Слайдер / Маориф / Навид / Навигариҳо
6

    Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, дар деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №116 бунём мегардад.

Дар маросими оғози сохтмон раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Фонди Тоҷикистон», кормандони соҳаи маориф ва фаъолон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки иқдоми мазкур бо саҳми Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Фонди Тоҷикистон» ва маблағгузории «Муассисаи Муҳаммад бин Рошид Олӣ Мактум барои корҳои хайриявӣ ва инсондустӣ»- шаҳри Дубай амалӣ мегардад. Иншооти мазкур тибқи нақшаи лоиҳаи сохтмонӣ то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Раиси шаҳр иброз намуд: “Бо дастгирии сиёсати давлатӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тадриҷан мушкилоти норасоии синфхонаҳо бартараф гардида, барои хонандагон шароити муосири таҳсил фароҳам оварда мешавад”.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки бинои нав муассиса дорои 5 синфхонаи замонавӣ буда, ба беҳтар гардидани сифати таълим ва фарогирии бештари хонандагон мусоидат менамояд.

Маврид ба ёдоварист, ки айни ҳол муассисаи №116 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ буда, дар он 3 омӯзгор ба 30 хонанда таълим медиҳад.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: