ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ДАР МТМУ №114-И ШАҲРИ ВАҲДАТ

26 фев 2026, 09:08
Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
0
 Санаи 25-уми феврали соли 2026, дар доираи идомаи вохӯриҳо бо усули «Мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №114-и деҳаи Диамони Ҷамоати деҳоти Симиганҷ бо иштироки муовини раиси шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзозода, намояндагони раёсати маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин, дигар масъулини сохторҳои дахлдор хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, ҳамчунин, риояи қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандии онҳо мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни масъулин, омӯзгорон ва хонандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин дигар наворҳо: