ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Имрӯз ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар назди муҷассамаи “Модар”, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр ва фаъолон ҷамъ омада, шахсиятҳои барои ҳифзи Ватан қурбон шудаанд, зери шиори “Ҳеқ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш намешавад” бо гузоштани гулчанбар ва пос доштани хотираи фарзандони баруманди шаҳр ёдоварӣ карданд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, қаҳрамонони замон ва дар симои онҳо кулли мардуми шаҳро ба муносибати фарорасии Рўзи Ғалаба самимона табрику муборакбод гуфт.
Сипас, дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ба муносибатитаҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии идона доир гардид.
Мирзо Исмоилзода зимни баромади худ зикр карданд: “дар ибтидо ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз, алалхусус, собиқадорони меҳнатро ба муносибати санаи бузурги таърихсоз - Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз самими қалб табрику таҳният мегӯям, бароятон тансиҳатию хонаободӣ орзумандам
Имрӯзҳо ба ифтихори 80-умин солгарди Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар саросари кишварамон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ чорабиниҳои тантанавӣ доир мегарданд.
Метавон гуфт, ки Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намунаи бемислу барҷастаи ҷасорату мардонагӣ ва далерию корнамоиҳои фарзандони ҷоннисор дар дифои Ватан ва беш аз ҳама, рамзи ягонагиву муттаҳидӣ, сарҷамъиву пирӯзии халқҳо шинохта шудааст.
Аз ин хотир, барои ҷасорату мардонагӣ, далерию корнамоиҳои беназири садҳо ҳазор шаҳидони роҳи Ватан ва ба эҳтироми руҳи ҷовидонаи онҳо сари таъзим фуруд оварда, лаҳзаи хомӯширо ихтиёр кардан қарзи инсонии мост.
Дар ин ҷанги пурдаҳшат зиёда аз 55 миллион нафар мардуми сайёра: тифлони навзод, кӯдакони наврас, мардону занон, пирони барҷомонда, аскарони шуҷоу далер ва қавиирода қурбон шуда, шаҳру деҳоти зиёд вайрону валангор ва ба хок яксон гардидаанд, ки ин гуна талафот ва фоҷиаи бузургро таърихи инсоният ёд надораду он аз саҳифаҳои таърихи башарият ҳеҷ гоҳ зудуда намешанд.
Рӯзи Ғалаба бар фашизм бо душвориҳо муяссар гардиду ба қавли Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он хизмати як халқи ҷудогона набуда, балки намунаи олии якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст.
Аз Тоҷикистон беш аз 268 ҳазор нафар ҷавонмардон дар ҳайати ду дивизия барои мубориза бар зидди фашизм сафарбар шуда, беш аз 55 ҳазор нафари онҳо барои шуҷоату мардонагиашон дар майдони ҷанг бо ордену медалҳо ва 54 нафарашон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд.
Дар қатори миллионҳо нафар аскарони Армияи Шуравӣ беш аз 10 ҳазору 743 нафар ҷавонмардони баор ва бонангу номуси шаҳри Ваҳдат низ барои ҳифзи Ватани паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ ҷоннисорӣ намуда, дар таъмини Ғалабаи бузурги таърихӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Зиёда аз 7 ҳазор нафар ҳамдиёронамон дар ҷанг ба ҳалокат расида, аммо хоки муқаддаси Ватани азизи худро ба дасти душман надоданд.
Пас аз хатми ҷанги пурдаҳшат ва таъмини сулҳу оромӣ беш аз 2700 ҷанговарони шаҳри Ваҳдат бо сари баланд ба Ватан баргашта, дар ҳама ҷабҳаҳои муҳими ҳаёт, аз ҷумла дар барқарорсозии оқибатҳои ҷанг фаъолона иштирок намуданд.
Хушбахтона, дар муддати кӯтоҳ ҳаёти осоишта ва рӯзгори ободу хуррам барои наслҳои оянда муҳайё гашт.
Агарчи имрӯз дар диёрамон ягон нафар аз иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт нестанд, аммо хизматҳои арзишмандашон дар таъмини Ғалаба бар фашизм ва саҳми беназирашон дар барқароркунӣ, бунёдкориву созандагиҳои кишварамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад.
Бо исми иштирокчиёни ҷанг, аз ҷумла Карим Исмоилов, Абдулло Абдулвосиев, Юнус Юсуфов, Маҳмадалӣ Ятимов, Шералӣ Имомов, Инъомҷон Қурбонова, Зоир Алиев, Мухтор Ризоев, Холиқ Ризоев, Қодир Юсупов, Мерган Саъдуллоев ва дигарон номгузорӣ шудани ташкилоту муассиса, кӯчаю ҷамоатҳои шаҳраку деҳот далели арҷгузорӣ ба хизматҳои беназирашон мебошаду мардуми диёр, аз ҷумла наврасону ҷавононон дар мисоли фаъолияти шоистаи онҳо содиқ ба Ватану миллат буданро омӯхта, минбаъд ба онҳо пайравӣ хоҳанд кард.
Имрӯзҳо, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо карда, боиси ташвиши зиёд шудааст, моро мебояд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонон муттаҳидона талош намоем.
Ҳеҷ гоҳ бар он роҳ надиҳем, ки тарғиботи гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистиву террористӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ дар муҳити кишварамон пирӯз ва вазъи онро ноорому рӯзгорамонро зери бори ташвишу ғаму андӯҳ гузоранд.
Мо бояд сабақу корнамоиҳои падарони шарафмандамонро раҳнамои худ қарор дода, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва зиндагии орому осоиштаамон чун сипари боэътимод ҳамеша омода бошем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон ҷавонмардони далер, ҳомиёни асили Ватан ба камол расида, бо амри дил самараҳои соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамонро содиқона ва бо шуҷоату далерӣ ҳимоя мекунанд, ки боиси ифтихор аст”.
Зикр гардид, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор собиқадорони меҳнат аз тарафи раиси шаҳр сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ барои болидагии хотири ҳали нишаст, аз тарафи сарояндагони шуъбаи фарҳанги шаҳр сурудҳои ватандӯстона манзури бинандагон гардонида шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


