Боздид аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об ва дар ин замина барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии кишвари мо ва ташвиқи сармоягузорон ба тақвияти ҳамкории муассиру босамар омода гаштааст.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронӣ дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим
Муҳтарам ҷаноби Раис, Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон! Пеш аз ҳама, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Созмони Милали Муттаҳид барои
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали