НАТИҶАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲР ДАР МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ ҶОРӢ
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар заминаи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баён шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар корӣ маҷлис муовини якум, муовинон раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсат, мудирони шуъбаю бахшҳои назди мақомот ва дигар масъулин иштирок намуданд. Зимни шунидани гузориши мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, нозироти андоз, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба натиҷаҳои фаъолият дар таъмини рушди иқтисод, иҷрои нақшаи воридоти маблағ ба буҷет, фаъолияти корхонаҳои саноатию сохтмон, соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла омодагӣ ба мавсими кишт, захираи тухмӣ, сабзгардонию ниҳолшинонӣ, маориф, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занону ҷавонон, омодагӣ ба маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сухан ронда шуд.
Инчунин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳо ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати буҷет, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, омода намудани заминҳо ба мавсими кишт, вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо ҷалб карда шуд.
Зимни маҷлиси назоратӣ, ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ шуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Ҳамзамон, раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 32-уми солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:

