Омодагиҳо ба маъраки муҳими сиёсӣ муташаккилона ҷараён доранд
Дар шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи шаҳр омодагиҳо идома доранд.
Дар ҳудуди ҳавзаи якмандатаи Ваҳдат №10, 85 участкаи интихоботӣ ташкил ва рақамгузорӣ шудааст. Ҳамаи онҳо бо маводҳои канселярӣ, бланкаҳои барӯйхатгирии интихобкунандагон ва дигар маводҳои зарурӣ таъминанд.
Тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихобот, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳавзави якмандатии интихоботии Ваҳдат №10 дар ҳайати 9 нафар тасдиқ гашт. Аз тарафи комиссияҳои участкавӣ тамоми масъалаҳои вобаста ба интихоботи дар пешистода мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, корҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷараён доранд. Ҳамаи комиссияҳои участкавӣ бо маводи зарурӣ таъминанд. Инчунин, тибқи дастурамали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот инкомннопазир мебошад, қуттиҳои сайёр омода мегарданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки барои маъюбон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, кабинаи алоҳидаи овоздиҳӣ бо нишонаи аломати маъюбӣ ташкил гардидааст.
Дар ин самт аъзои комиссия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоти ҷамъиятии маъюбон дар ҳамкориянд ва баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи шаҳр тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ҳавзаи якмандатаи Ваҳдат №10 Хоҷазода Фарзона Ҳамдам (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Қосимов Мусофир Достмуродович (худпешбарӣ) ва Эшонова Азиза Шарифова (худпешбарӣ) ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба қайд гирифта шуданд.
Барои гузарондани интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр бошад, 40 ҳавза (102 участка) таъсис ёфта, дар он айни ҳол 51 нафар ба ҳайси номзад ба вакилӣ сабт гашт.
Ҳоло бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмондани моҳияти интихобот ва нуқтаҳои асосии қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аъзои комиссияњои дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


