ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

30 дек 2025, 14:01
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Соҳаҳо
11

  Санаи 30-уми декабри соли 2025, дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум доир гардид.

Дар кори иҷлосия раиси шаҳр,  муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳо, кормандони ҳокимияти иҷроия ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Бо садо додани Суруди Миллӣ иҷлосияи чоруми 


Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум оғоз гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.

Масъалаҳои зерин дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

 1. Ҳисоботи раиси шаҳр «Оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар соли 2025 ва вазифахо барои соли 2026”.

 2. Оид ба рафти иҷрои буҷети соли 2025, қабули буҷет барои соли 2026 ва тасдиқи ҳисоботи иҷрои буҷети шаҳри Ваҳдат дар соли 2024.
3. Ҳисоботи комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар соли 2025.

4. Дар бораи тасдик намудани «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳоли дар шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2026-2027».
5. Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат барои соли 2026. 

6. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромадҳои буҷети шаҳр дар соли 2025.

7. Дар бораи таъсис додани Комиссияи танзими истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатия шаҳри Ваҳдат.
8. Тасдиқи лоиҳаи муфассали банақшагирии баъзе кӯчаҳои шаҳри Ваҳдат

9. Тасдиқи нақшаҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат барои соли 2026.
10. Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр оид ба ҷудо намудани маблағо аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр.

11. Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр.

 Вобаста ба ҳамаи маъалаҳои дар рӯзномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, ҷойдошта бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат қарорҳои якдилона қабул карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ба муовини раиси шаҳри Ваҳдат, сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи томактабӣ, бедор намудани завқи кӯдакон ба хониш ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳама муассисаҳои томактабӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон, оид ба нақша – чорабиниҳо оид ба истиқболи Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, ҷиҳати сохта ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар маҳаллаҳои сераҳолӣ ва таъмин намудани муассисаҳо бо адабиёти бадеии кӯдакона ва маводи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба масъулин дастурҳо дода шуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони шаҳр вазифагузорӣ намуданд.

Баён гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузошта, як гӯшаи диёри худро ободу зебо гардонанд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия раиси шаҳр вакилон ва кулли иштирокдоронро ба хизмати содиқона барои рушду нумуи шаҳри Ваҳдат, ки як гӯшаи Ватани азизамон мебошад даъват намуданд.

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳусни анҷом бахшид.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: