Раиси шаҳр собиқадори меҳнат Исматулло Ҳафизовро аёдат кард

17 июн 2026, 17:26
Слайдер / Навид
6
 
Имрӯз раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода, чун анъана, аз ҳолу аҳвол ва зисту зиндагонии собиқадори меҳнат Исматулло Ҳафизов, ки барои ободонии диёру ватани худ умри пурбаракати худро сарфи он кардааст, аёдат намуданд.
Раиси шаҳр аз ҳолу аҳволи Исматулло Ҳафизов пурсон шуда, оид ба масъалаҳои рӯзмарраи зиндагӣ ва эҳтиёҷоти он масъалагузорӣ намуд. Собиқадори меҳнат Исматулло Ҳафизов ҳангоми суҳбат шукронаи тинҷиву амонӣ ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати давлати Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои муаззами миллат баён намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки Исматулло Ҳафизов солҳои дароз хизмат ба давлату миллат намуда, ҳамчунин, як муддат раиси шаҳри Ваҳдат низ кор кардааст.
Раиси шаҳр ба собиқадори меҳнат тансиҳативу саодати рӯзгорро таманно карданд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: