Дар Ваҳдат даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор шуд

03 ноя 2026, 16:31
Слайдер / Навид / Навигариҳо
4

  3-уми ноябри соли равон бо иштироки муовини раиси шаҳри Ваҳдат Шоира Абдураҳимзода, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, занону бонувони шаҳр ва дигар намояндагон дар толори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ҷамъбаст гардид.
Дар оғоз иброз гардид, ки Озмун дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» гузаронида шуд. Мақсади он таҳкими муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон дар бунёди оилаи солим, тарғиби фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат ва ватандӯст мебошад.
Гуфта шуд, ки оила ҳамчун ниҳоди муҳимми ҷомеа дар ташаккули шахсият, тарбияи насли наврас ва ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад. Мустаҳкамии оила, муносибати некбинонаи ҳамсарон ва фароҳам овардани муҳити солими тарбиявӣ барои рушди ҳамаҷонибаи фарзандон аҳамияти хоса дорад.
Натиҷаҳои Озмун нишон медиҳанд, ки тарғиби таҷрибаи оилаҳои намунавӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳамсарон дар бунёди муҳити солими оилавӣ аз омилҳои муҳими таҳкими муносибатҳои оилавӣ ба шумор мераванд.
Дар ҷамъбаст ба оилаҳои намунавӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: