МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

Санаи 2-юми ноябри соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим маҷлиси машваратӣ баргузор шуд.
Дар маҷлис, муовини якум ва муовинони соҳавии раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ, роҳбарони корхонаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Дар кори маҷлис, нахуст масъалаи тағйироти кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷони Абдуғафор ба мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва Қурбонов Комилҷон ба мансаби сардори шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр таъин гардиданд. Ҳамчунин, бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат ваколатҳои муовини соҳавии раиси шаҳр оид ба кишоварзӣ ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин вогузор гардид. Дар идома раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, раванди корҳои ободонию созандагӣ дар иншоотҳо ва тозагию ободонии кӯчаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, дар идома аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат баҳо дода, инчунин, таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.
Дар фарҷом, раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, оғози кишту кори тирамоҳӣ, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкорӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар



