БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ПАНЧУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ВАҲДАТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

31 мар 2026, 14:22
Соҳаҳо / Ҳифзи иҷтимоӣ / Навид / Иқтисодиёт / Аксҳо
10

  Санаи 31-уми марти соли 2026, дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷлосияи панчуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум доир гардид.

Дар кори иҷлосия раиси шаҳр,  муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳо, кормандони ҳокимияти иҷроия ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи панчуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум оғоз гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.

Масъалаҳои зерин дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

1. Оид ба натиҷаи ҷамбасти «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2021 2025».

2. Оид ба тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Вахдат барои солҳои 2026-2030».

3. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022. №203 «Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030».

4. Ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев.

5. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба иқтисод ва нақшаю буҷет.

6. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромадҳои буҷети шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2026.

7. Дар бораи номгузорӣ намудани баъзе муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат.

8. Тасдиқи лоиҳаи муфассали банақшагирии баъзе кӯчаҳои шаҳри Ваҳдат.

9. Тасдики қарорҳои раиси шаҳр оид ба ҷудо намудани маблағҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр.

10. Тасдики карорҳои раиси шаҳр.

Вобаста ба ҳамаи маъалаҳои дар рӯзномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, ҷойдошта бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат қарорҳои якдилона қабул карда шуд.

Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои мазкур раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ба муовинони раиси шаҳр, сарпарастони соҳа якҷо бо раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи томактабӣ, бедор намудани завқи кӯдакон ба хониш ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳама муассисаҳои томактабӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон, оид ба нақша – чорабиниҳо оид ба истиқболи Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид сари вақт пардохтани андозсупорандагон,  оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2026-2030» ба муовини якум ва муовинони соҳавии раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои занҷираи мантиқӣ ва индикаторҳои барномаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба таври ҳамешагӣ корбарӣ намуда, аз натиҷаи иҷрои он ҳар сол ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҳисобот пешниҳод намоянд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони шаҳр вазифагузорӣ намуданд.

Баён гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузошта, як гӯшаи диёри худро ободу зебо гардонанд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия раиси шаҳр вакилон ва кулли иштирокдоронро ба хизмати содиқона барои рушду нумуи шаҳри Ваҳдат, ки як гӯшаи Ватани азизамон мебошад даъват намуданд.

Иҷлосияи панчуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, даъвати ҳафтум зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳусни анҷом бахшид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: