ТАҶЛИЛИ 81-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

08 май 2026, 09:36
Слайдер / Навид / Навигариҳо
3
 ВАҲДАТ: 8.05.2026. Имрӯз ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар наз­ди муҷассамаи “Модар”, ки дар маркази шаҳр ҷойгир ас­т, раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр ва фаъолон ҷамъ омада, шахсиятҳои барои ҳифзи Ватан қурбон шудаанд, зери шиори “Ҳеқ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш намешавад” бо гузоштани гулчанбар ва пос доштани хотираи фарзандони баруманди шаҳр ёдоварӣ карданд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, қаҳрамонони замон ва дар симои онҳо кул­ли мардуми шаҳро ба муносибати фарорасии Рўзи Ғалаба сами­мона табрику муборак­бод гуфт.
Мирзо Исмоилзода зимни баромади худ зикр карданд: “Дар ибтидо ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз, алалхусус, собиқадорони меҳнатро ба муносибати санаи бузурги таърихсоз - Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз самими қалб табрику таҳният мегӯям, бароятон тансиҳатию хонаободӣ орзумандам".
Метавон гуфт, ки Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намунаи бемислу барҷастаи ҷасорату мардонагӣ ва далерию корнамоиҳои фарзандони ҷоннисор дар дифои Ватан ва беш аз ҳама, рамзи ягонагиву муттаҳидӣ, сарҷамъиву пирӯзии халқҳо шинохта шудааст.
Аз ин хотир, барои ҷасорату мардонагӣ, далерию корнамоиҳои беназири садҳо ҳазор шаҳидони роҳи Ватан ва ба эҳтироми руҳи ҷовидонаи онҳо сари таъзим фуруд оварда, лаҳзаи хомӯширо ихтиёр кардан қарзи инсонии мост.
Дар ин ҷанги пурдаҳшат зиёда аз 55 миллион нафар мардуми сайёра: тифлони навзод, кӯдакони наврас, мардону занон, пирони барҷомонда, аскарони шуҷоу далер ва қавиирода қурбон шуда, шаҳру деҳоти зиёд вайрону валангор ва ба хок яксон гардидаанд, ки ин гуна талафот ва фоҷиаи бузургро таърихи инсоният ёд надораду он аз саҳифаҳои таърихи башарият ҳеҷ гоҳ зудуда намешанд.
Аз Тоҷикистон беш аз 268 ҳазор нафар ҷавонмардон дар ҳайати ду дивизия барои мубориза бар зидди фашизм сафарбар шуда, беш аз 55 ҳазор нафари онҳо барои шуҷоату мардонагиашон дар майдони ҷанг бо ордену медалҳо ва 54 нафарашон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд.
Дар қатори миллионҳо нафар аскарони Армияи Шуравӣ беш аз 10 ҳазору 743 нафар ҷавонмардони баор ва бонангу номуси шаҳри Ваҳдат низ барои ҳифзи Ватани паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ ҷоннисорӣ намуда, дар таъмини Ғалабаи бузурги таърихӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Зиёда аз 7 ҳазор нафар ҳамдиёронамон дар ҷанг ба ҳалокат расида, аммо хоки муқаддаси Ватани азизи худро ба дасти душман надоданд.
Пас аз хатми ҷанги пурдаҳшат ва таъмини сулҳу оромӣ беш аз 2700 ҷанговарони шаҳри Ваҳдат бо сари баланд ба Ватан баргашта, дар ҳама ҷабҳаҳои муҳими ҳаёт, аз ҷумла дар барқарорсозии оқибатҳои ҷанг фаъолона иштирок намуданд.
Хушбахтона, дар муддати кӯтоҳ ҳаёти осоишта ва рӯзгори ободу хуррам барои наслҳои оянда муҳайё гашт.
Агарчи имрӯз дар диёрамон ягон нафар аз иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт нестанд, аммо хизматҳои арзишмандашон дар таъмини Ғалаба бар фашизм ва саҳми беназирашон дар барқароркунӣ, бунёдкориву созандагиҳои кишварамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад.

Ҳамчунин дигар наворҳо: