Мавзеи сайёҳии «Арху» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳе аз иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба мавзеи сайёҳии «Арху», воқеъ дар дараи зебоманзари Ромит рафта, аз тамошои табиати нотакрори ин мавзеи хушбоду ҳаво ҳаловат бурданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳайати меҳмононро дар ин мавзеи афсонавӣ таҳти навои мусиқӣ ва тибқи анъанаҳои хоси тоҷикӣ бо нону намак истиқбол намуданд. Меҳмонон гӯшае, ки дар он ҳунарҳои мардумӣ, анвои гуногуни қаннодӣ ва таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда буд, тамошо карданд. Онҳо ба маҳсули дасти ҳунармандон ва кадбонуҳои тоҷик баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки Тоҷикистон воқеан сарзамини ҳунармандони асил аст.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба онҳо оид ба таърихи таъсиси Маҷмааи сайёҳии «Арху» маълумот дод.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз меҳмонони ин гурӯҳ — хонум Махан Имилӣ, ки намояндаи масъул аз Хадамоти об ва санитарияи Давлати Африқои Ҷанубӣ буд, оид ба таассуроти сафараш ба Тоҷикистон суҳбат намуд.
Махан Имилӣ иброз дошт, ки «қаблан дорои чунин захираҳои бои обӣ, кӯҳҳои пиряхпӯш, олами нотакрори набототу ҳайвонот будани Тоҷикистонро шунида будам. Имрӯз ин ҳамаро бо чашми худ мебинаму ба сокинони ин сарзамин ҳавасам меояд, ки дар чунин Ватани дорои табиати нотакрор умр ба сар мебаранд. Чунки барои зиндагии шоистаи ва сазовори инсон ду чиз – об ва ҳавои тоза шарти асосӣ маҳсуб мешаванд. Имрӯзҳо сокинони баъзе аз кишварҳо аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд. Шукрона бояд кард ва дар самаранок истифода бурдани ин сарвати бебаҳо саҳм гузошт».
Ҳамсуҳбати мо ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдоми муҳим дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди устувор дар сайёра арзёбӣ намуд. Ӯ афзуд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд. «Боварам комил аст, ки ин чорабинии сатҳи баланд дар ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон нақши муҳим мегузорад. Ин хулосаро аз рафти баргузории конфронс бардоштам», — илова кард Махан Имилӣ.
Гурӯҳи меҳмонон –иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо канори дарёи Покрӯд сайр намуданд. Онҳо табиати нотакрор — олами бои набототи ин мавзеи зебоманзарро тамошо намуда, аз зебоиҳои нотаркори ин гӯшаи зебои Тоҷикистон баҳравар гаштанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


